Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф ба 10 соли зиндон маҳкум шуд


Навоз Шариф
Навоз Шариф

Додгоҳи Покистон Навоз Шариф, нахуствазири пешини ин кишварро барои харидани як хона дар Лондон ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Сардор Музаффар Аббос, як мақоми интизомии Покистон гуфт, ки додгоҳ амр додааст, амволи Навоз Шариф мусодира шавад.

Нахуствазири собиқи Покистон айни замон дар Лондон ва дар назди ҳамсари бемораш аст. Қарор аст, ӯ аз ҳукми додгоҳ шикоят барад. Ӯ қаблан хоста буд, ки муҳокима то замони бозгашти ӯ ба Исломобод ба таъхир андохта шавад.

Навоз Шарифро соли 2017 Додгоҳии олии Покистон ба сабаби пинҳон доштани моликияту даромад аз ҳаққи машғул шудан ба сиёсат маҳрум кард.

Духтари ӯ Марям, ки барои курсии вакилӣ мубориза мебарад ва вориси падараш ба ҳисоб меравад, бино ба гузориши расонаҳои покистонӣ ба 7 соли зиндон маҳкум мешавад. Навоз Шарифи 67-сола парванда ва муҳокимаи худро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.

XS
SM
MD
LG