"Аз розигии Озарбойҷон ва Арманистон, ки пешниҳоди Қазоқистон дар бораи гуфтугӯи вазирони хориҷиро барои таҳияи созишномаи сулҳ миёни ду кишвар пазируфтанд, истиқбол мекунем", - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон аз суханони Тоқаев.
Қосимҷомарт Тоқаев дар изҳороти худ ба баргузории гуфтугӯҳо дар шаҳри Алмато, ки макони имзои Эъломияи таърихии Алмато дар моҳи декабри соли 1991 мебошад, ишора кардааст.
Президенти Қазоқистон рӯзи 15-уми апрел дар ҷараёни сафараш ба Арманистон гуфт, Остона ва Ереван “барои ҳамкорӣ ва ширкати фаъолона дар раванди таҳкими сулҳу субот ба созиш расиданд”. Ӯ таъкид кард, ки аз хоҳишҳои Арманистон ва Озарбойчон барои имзои созишномаи сулҳ истиқбол мекунад.
Дастгоҳи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва дастгоҳи сарвазири Арманистон Никол Пашинян моҳи декабри соли гузашта бо нашри изҳороти муштарак гуфтанд, ҷонибҳо нияти "имзои созишномаи сулҳро доранд.
Муносибати Озарбойҷону Арманистон ба далели низоъ атрофи Қаробоғи Куҳӣ яке аз оштинопазиртарин муносибатҳо дар дунёи муосир унвон мешуд. Қаробоғи Куҳӣ бино ба ҳуқуқи байналхалқӣ ба Озарбойҷон тааллуқ дошт, аммо баъди амалиёти низомӣ дар ибтидои солҳои 1990 Қарабоғ аз сӯи неруҳои Арманистон идора мешуд.
Моҳи сентябри соли 2023 артиши Озарбойҷон амалиёти навбатии низомиро дар минтақа роҳандозӣ ва Қарабоғи Куҳиро комилан ба идораи худ даровард. Дар натиҷа ҳукумати худхондаи Қарабоғи Куҳӣ пароканда шуд.