Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯдакон сагҳои мурдаро дида, гоҳе шабҳо хоб намераванд". ВИДЕО


Cокинони маҳаллаи Навободи боло дар ноҳияи Синои пойтахт шикоят доранд, ки назди хонаашон ба партовгоҳе табдил шудааст ва ин ба солимии фарзандонашон зарар дорад.

Сокинон мегӯянд, чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карданд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.

Қудратулло Ибодов, сокини ин маҳалла, ки табиб аст, мегӯяд, ду сол боз, ҳар шом пашшакушӣ ба як машғулияти доимиаш табдил ёфтааст. "Ҳар рӯз баъди аз кор омадан соатҳои дароз пашша мекушам. Бовар кунед, ягон вақти китоб хондан, телевизион тамошо кардан надорам",-мегӯяд Қудратулло.

Ба қавли Қудратулло, "ДЭУ" ё Идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Сино ду соли охир дар ҳамин кӯча партовгоҳи умумишаҳрӣ ташкил кардааст. Тамоми партобҳои хонаҳои баландошёнаи шаҳрро гирифта, ба ҳамин ҷо меоранд. Инҷо ду-се рӯз меистад, баъд гирифта мепартоянд."

Ранг бину ҳол пурс -- партовгоҳ дар байни маҳаллаи Навободи боло
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Сокинони маҳалла мегӯянд, ба ҷуз аз бетону ҷуйборҳои шикаста, партовҳоеро ҳам инҷо меоранд, ки барангезандаи бемориҳои сироятӣ аст. Қудратулло мегӯяд ба хотири аз беморӣ эмин доштани фарзандонаш, онҳоро ба деҳа равон кардааст. Ҳоло ӯ дар хона танҳост. Хона мерӯбад, табақ мешӯяд ва пашша мекушад.

"10-12 сагро дар ду рӯз як маротиба бо камон парронда, оварда дар ҳамин ахлот мепартоянд. Мо ягон майдончаи варзишӣ надорем. Кӯдакҳои мо рафта, онҷо тӯббозӣ мекунанд. Ҳамон ахлоту сагҳои мурдаро дида, баъзан шабҳо хоб намераванд",-афзуд Қудратулло.

Искандар Насриддинов, сокини дигари маҳаллаи Навободи боло дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамин рӯз сагҳои дигари мурдаро оварданд. Ман намедонам онҳоро аз куҷо меоранд."

Сокинон мегӯянд, чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карданд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад. Ба сомонаи шаҳрдори Душанбе се маротиба нома навиштанд, вале ҷавоби мусбат нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG