Як корбари Радиои Озодӣ бо ирсоли видеое, ки партовгоҳи азимеро дар наздикии шаҳри Кулоб нишон медиҳад, шикоят кардааст, ки бинобар бепарвоии масъулон як роҳи ҳаракати онҳо ба самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) мушкилгузар шудааст.
Дар ин видео, ки аз дохили мошин гирифта шудааст, дида мешавад, ки дар як канори роҳи мошингузар тӯдаҳои бузурги партоб рехта шудааст, ҳарчанд мавзеъи таъйиншуда барои партоврезӣ дуртар аз роҳ аст ва атрофи онро бастаанд. Дар ин видео селаи каргасҳо ҳам дида мешавад, ки сари роҳ ҷамъ омадаанд ва қисме аз онҳо бо дидани мошин парвоз мекунанд.
Ин партовгоҳ 4 километр дуртар аз маркази шаҳри Кӯлоб дар канори деҳаи Чагамӣ воқеъ шудааст ва хонаҳое, ки дар муқобили роҳ ва дар наздикии партовгоҳ ҳастанд, дар видео дида мешаванд.
Дар гузашта ҳам сокинони ин минтақа ба мақомоти Кулоб дар бораи бензамӣ ва рехтани партоб дар сари роҳ шикоят кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, партовгоҳи шаҳри Кулоб дар инҷо дар ҳудуди 4 гектар воқеъ аст ва онро ба қадри тавоноиашон ҳар замон зери хок мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, тарҳи нави партовгоҳи дигаре вуҷуд дорад ва онҳо дар сурати ёфтани пул онҳо бо харидани таҷҳизот партовгоҳро аз сари роҳ дур мекунанд.