Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбии партовгоҳҳои кушанда дар Тоҷикистон


Партовгоҳ дар Табошар

Гурӯҳе аз коршиносони байналмилалӣ ба Тоҷикистон рафтаанд, то дар арзёбӣ ва маълум кардани ҳаҷми хароҷот барои безараргардонии партовгоҳҳои азими ураниум кӯмак кунанд.

Оҷонси байналмилалии нерӯи атомӣ (IAEA) рӯзи ҷумъа бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, се коршиноси байналмилалӣ аз рӯзи 1-ум то 9-уми март дар Тоҷикистон буданд ва ба партовгоҳҳои Деҳмой ва Табошар дар вилояти Суғд рафтанд ва вазъу сатҳи ихроҷи ташашшӯъ ва дигар зербунёдҳо барои ҳифзу нигаҳбонии партовгоҳҳоро таҳқиқ кардаанд.

Ин муассисаи тобеи Созмони Милал мегӯяд, ин коршиносон акнун маълум мекунанд, ки Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи партовгоҳҳои маводи атомӣ ба чӣ қадар пул эҳтиёҷ дорад ва бо ин кор ба давлат барои омода намудани барномаи безараргардонӣ кӯмак мекунанд.

Аз ин ҷо маводи радиоактив хориҷ мешавад.
Аз ин ҷо маводи радиоактив хориҷ мешавад.

Мишел Робертс, мутахассиси амнияти атомии Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ гуфтааст, ки “Мо ҳамроҳ кор мекунем, то партовгоҳҳоро ба ҳолати дуруст биёрем ва механизми амни назорат ба партовгоҳҳоро, ки мероси ураниуми истихроҷшуда дар солҳои 1950/90 аст, ба роҳ монем.”

Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ мегӯяд, дар безарар кардани партовгоҳҳо Оҷонси амнияти ядроии Тоҷикистон, Корхонаи "ТоҷикРедМет" ҳамкорӣ мекунад.

Танҳо дар атрофи шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ)-и вилояти Суғд панҷ анбори партовҳои радиоактив ва кони хароби уран истодаанд, ки аз Шӯравии собиқ ба Тоҷикистон ба "мерос" мондааст.

Ин шаҳр дар охирҳои соли 1940 бунёд шуда ва аз пӯшидатарин шаҳрҳои кишвар ба шумор мерафт. Бештари сокинон дар кони уран кор карда ва барои муҳаррики мушакҳои балластикии Шӯравӣ ашёи хом тайёр мекарданд. Маҳз аз ҳамин урани Табошари, инак, собиқ нахустин бомбаи атомии СССР сохта шудааст.

Имрӯз дар атрофи Истиқлол 5 партовгоҳи радиоактив бо даҳҳо миллион тонна партов ва кони харобгаштаи уран воқеъ аст. Вилояти Суғди Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ва баҳрабардории Русия аз конҳои урани ин минтақа, 10 партовгоҳи радиатсионӣ ба мерос гирифтааст, ки бар пояи омори расмӣ, дар онҳо ҳудуди 55 миллион тонна моддаҳои дорои радиоактив нуҳуфтаанд.

Партовгоҳҳо дуруст посбонӣ намешаванд.
Партовгоҳҳо дуруст посбонӣ намешаванд.

Ҳоло корҳои зери хок кардани партовгоҳи Деҳмой, ки дар майдони 90 ҳектор ҷой гирифта ва 38 миллион тонна маводи радиоактив мавҷуд аст, идома дорад. Дар маҳалли партовгоҳ мизони ташаашӯъ ҳудуди 3 ҳазор микрорентген дар як соатро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муқаррарӣ чандсад баробар зиёд аст.

Ба манзури пешгирӣ аз паҳн шудани чанги радиоактив ба болои партовгоҳ қабати якунимметраи хок рехта шудааст. Ба гуфтаи Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ корҳои феълӣ барои безараргардонии муваққатӣ аст.

Дар сурати ба ҳоли худаш гузоштани партовгоҳ имкон дорад, дар сурати боридани борони зиёд, оби олуда аз инҷо ба рӯдхонаи Сир ҷорӣ шавад, ки аз он миллионҳо нафар аз сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ об мехӯранд. Дар сурати вазидани боди шадид низ мумкин аст, ҳавои атроф бо моддаҳои хатарнок барои сиҳатии инсон олуда шавад.

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон, ки дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин минтақа уран истихроҷ мешуд, 10 партовгоҳи ҳастаӣ ба мерос мондааст ва дар онҳо 55 миллион тонна партовҳои дорои моддаҳои радиоактив нигаҳдорӣ мешаванд. Деҳмой яке аз бузургтарини онҳост ва ба гуфтаи ақомот баъди хокпӯш карданаш, дар атрофи он девори 2 метрии бетонӣ бунёд хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG