Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ранҷи тоҷикҳо барои гӯрондани "мероси Шӯравӣ"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон солҳо боз барои аз байн бурдани кӯҳи партовҳо ва кони харобгаштаи уран дар баъзе аз минтақаҳои кишвар талош дорад, вале то ҳанӯз барои нобудсозии ин мероси Шӯравӣ ноил нашудааст.

Танҳо дар атрофи шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ)-и вилояти Суғд панҷ анбори партовҳои радиоактив ва кони хароби уран истодаанд, ки аз Шӯравии собиқ ба Тоҷикистон ба "мерос" мондааст.

Ин шаҳр дар охирҳои соли 1940 бунёд шуда ва аз пӯшидатарин шаҳрҳои кишвар ба шумор мерафт. Бештари сокинон дар кони уран кор карда ва барои муҳаррики мушакҳои балластикии Шӯравӣ ашёи хом тайёр мекарданд. Маҳз аз ҳамин урани Табошари, инак, собиқ нахустин бомбаи атомии СССР сохта шудааст.

Агар ҳоло вориди шаҳри Истиқлол шавед, гузаштаи атомӣ хуб ба назар мерасад. Имрӯз дар атрофи Истиқлол 5 партовгоҳи радиоактив бо даҳҳо миллион тонна партов ва кони харобгаштаи уран воқеъ аст. Кони уран комилан боз аст ва сокинон аз ояндаи ин кону партовҳо сахт нигаронанд.​Мирзошокир Ҳоҷиён, муовини раиси корхонаи воҳиди давлатии "ТоҷикРедМет", ки ба нобудсозии ин мероси Шӯравӣ машғул аст, мегӯяд, “дар ин ҷо кӯҳи партовҳо қомат рост кардааст, ки баландиаш ба беш аз 65 метр мерасад. Ин минтақа дар маҳалли гузари бод воқеъ буда ва аз ин лиҳоз хатар дорад.”

Вилояти Суғди Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ва баҳрабардории Русия аз конҳои урани ин минтақа, 10 партовгоҳи радиатсионӣ ба мерос гирифтааст, ки бар пояи омори расмӣ, дар онҳо ҳудуди 55 миллион тонна моддаҳои дорои радиоактив нуҳуфтаанд. Дар рӯзҳои мо бузургтарини ин партовгоҳҳо, дар минтақаҳои Истиқлол ва Деҳмой ногӯронда ва боз боқӣ мондаанд.

Ҳоло корҳои зери хок кардани партовгоҳи Деҳмой, ки дар майдони 90 ҳектор ҷой гирифта ва 38 миллион тонна маводи радиоактив мавҷуд аст, идома дорад. Дар маҳалли партовгоҳ мизони шуои радиоактив ҳудуди 3 ҳазор микрорентген дар як соатро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муқаррарӣ чандсад баробар зиёд аст. Ба манзури пешгирӣ аз паҳн шудани чанги радиоактив ба болои партовгоҳ қабати якунимметраи хок рехта шудааст.

Мутахассисони муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ борҳо ба зарурати ба навбати аввал безараргардонии ин партовгоҳи радиатсионии шимоли Тоҷикистон таъкид кардаанд. Зеро ин партовгоҳ дар наздикии рӯди Сир - бузургтарин рӯди минтақа ҷой гирифтааст ва дар сурати рух додани офатҳои табиӣ, назири заминларза ва борандагиҳои шадид, эҳтимоли олуда шудани рӯди Сир бо моддаҳои дорои радиоктив вуҷуд дорад.

Дар зарфи 20 соли охир созмонҳои Русия ва байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар безарарсозӣ ва гӯрондани маводи радиоактив ваъдаи кумак медиҳанд. Аммо ин ваъдаҳо амалӣ нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки то ҳол мизони хатари ин партовгоҳи радиоактив тақрибан мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст. Дар мавриди олудагии оби зеризаминӣ ва таъсири партовгоҳ ба муҳити зисту саломатии сокнони маҳаллӣ, инчунин, омори бемории саратон дар ноҳияҳои атрофи партовгоҳ иттилое вуҷуд надорад.

Ва гузашта аз ин, рӯшан нест, ки барои раҳоӣ аз гузаштаи ҳастаӣ ба Тоҷикистон чӣ миқдор маблағ ва чӣ қадар вақт зарур аст?

Ранҷи тоҷикҳо барои аз байн бурдани "мероси Шӯравӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00

XS
SM
MD
LG