Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cӯхтор дар як баландошёнаи Душанбе


Бар асари оташсӯзӣ дар як баландошёна дар шаҳри Душанбе ҳудуди 14 манзили зист қисман осеб дидаанд.

Бар асари оташсузӣ дар як бинои истиқоматии баландошёна воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиев 70-и пойтахт, ҳудуди 14 манзили зист қисман оташ гирифта ва лавозимоти рӯзгори соҳибони онҳо ба коми оташ рафтааст.

Соҳиб Сафаралиев, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт имрӯз, 24 март ба радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор тақрибан соати 3-и баъд аз зуҳри 22-юми март ба амал омад. Ба гуфтаи вай, як сокини ҳамин бино барои пухтани ғизои наврӯзӣ ба дег равған андохта ба корҳои дигар машғул шудааст ва танҳо замоне бохабар мешавад, ки дуд ба утоқи меҳмонхонааш ворид гардидааст.

Идораи хоҷагии коммуналӣ манзили маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе мегӯяд, ки забонаи оташ ба манзили сокинони тавассути партовгоҳи байни ду қисми бино аланга задааст. Дар натиҷаи ин оташсӯзӣ, манзилҳои зисти ду қисмати ин баландошёна зарар дидаанд.

Ба гуфтаи Идораи коммуналии манзили маҳаллаи 102-и пойтахт, намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Сино аз ҷои ҳодиса дидан намуда ва ваъда додаанд, ки ба осебдидагон кӯмак мерасонанд. Субҳи рӯзи панҷшанбе намояндагони Хадамоти оташнишони ВКД ҳам аз маҳали ҳодиса боздид намуда ва ташхис анҷом додаанд.

Бар асари ин оташсӯзӣ лӯлаи партовгоҳи (мусоропровод) бинои нӯҳошёна пурра нобуд шудааст. Сокинони ин бино мегӯянд, оташсӯзӣ аз ошёнаи 8-ум ба ошёнаи нуҳум ва ҳафтуму шашум тавассути лӯлаи партовгоҳ ва сӯрохиҳое, ки байни ду қабати бино вуҷуд дорад, интиқол ёфтааст.

Cӯхтор дар як баландошёнаи Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

XS
SM
MD
LG