Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон: Партовҳои радиоактиви ҳамсояҳо таҳдид мекунад. ВИДЕО, САДО


Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон дар як нишаст дар Душанбе аз хатари партовҳои радиоактив ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ, бахусус кишварҳои поёноби минтақа, изҳори ташвиш кард. Рустам Ҷӯраев рӯзи 31 март гуфт, дар ин замина бояд чораҷӯӣ шавад. Ин нигаронии мақоми Узбакистон дар ҳузури масъулони ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилаливу корпусҳои дипломатӣ садо дод.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Узбакистон: Партовҳои радиоактивии ҳамсояҳо ба мо таҳдид мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Ба қавли Рустам Ҷӯраев, “хатари аслии фаромарзӣ барои Узбакистон ин партовҳои радиоактив ҳастанд. Ба дунболи омадани сел ба сокинони манотиқи наздимарзии Узбакистон хатари партовҳои радиоактив таҳдид мекунад. Масалан, хатари тахриб ва ба самти Узбакистон шуста шудани партовҳои ядроӣ аз партовгоҳи Майлуу-Сууи Қирғизистон вуҷуд дорад. Ин мушкилро аз тариқи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ бо ҳамсояҳо ҳал кардан мумкин аст.”

Нигаронии вазири узбак аз партовгоҳҳои радиоактиви ҳамсояҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00
Линки мустақим

Мақомоти Узбакистон аз хатари партовҳои радиоактив ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ, бахусус кишварҳои поёноби минтақа изҳори ташвиш карданд ва гуфтанд, ки дар ин замина бояд чораҷӯӣ шавад.

Ишораи вазири ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон дар ин сӯҳбаташ дақиқан ба самти партовгоҳи радиоактиви Қирғизистон буд, ки дар наздикии марзҳои ин кишвар воқеъ гаштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон, дар наздикии марзҳои ин кишвар бо Узбакистон ва Қазоқистон 51 партовгоҳ, аз ҷумла, 35 партовгоҳи ядроӣ мавҷуданд, ки ҳаҷмашон дар маҷмӯъ беш аз 80 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон низ чунин партовгоҳҳои радиоактив вуҷуд доранд, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос монда ва то ҳанӯз аз нигоҳи амниятӣ ба таври комил расидагӣ нашудааст. То охири солҳои навади асри гузашта дар инҷо на танҳо урани истихроҷгашта дар Тоҷикистон, балки маъдани урани воридотӣ аз ҷамоҳири ҳамсояи Узбакистону Қазоқистон низ коркард мешуд.

Бино ба иттилои Оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва маводи радиоактиви Тоҷикистон, барои рӯйпӯш ва безараргардонии партовгоҳҳои дорои ҳудуди 55 миллион тонна зуболаи радиоактив дар шимоли кишвар ҳудуди 70 миллион евро зарур аст ва анҷоми ин кор бидуни кӯмаки молии созмонҳои байналмилалӣ душвор хоҳад буд.

Раҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба коҳиши хатари ҳодисаҳои табииро баррасӣ карда ва хостори тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар заминаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ шуданд. Дар ин ҳамоиш сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати коҳиши хатарҳои ҳодисаҳои табиӣ арзёбӣ шуд. Ба гуфтаи иштирокдорон дар замина умдатан созмонҳои байналмилалӣ ба кишварҳои минтақа кумак мерасонанд.

Иштирокдорони ҳамоиши минтақавии “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030”, ки рӯзи 31 март дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд, тағйирёбии иқлимро аз омилҳои асосии афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои табиӣ дар ҷаҳон арзёбӣ карданд.

Ба гуфтаи генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ боришоти барфу борон дар ин кишвар аз меъёр 5 баробар зиёд буда ва ин амр ба резиши тарма ва боис ба масдуд шудани ҷодаҳои аслии Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Лахш шудааст.

Вай гуфт, бар асари фаромадани тарма ва боридани барфи зиёд 26 нафар ҷон бохта ва иқтисоди Тоҷикистон ба миқдори 600 миллион доллари амрикоӣ хисорот ворид шудааст. Ҳамчунин, беш аз 1000 нафар аз манотиқи хатарнок ба ҷойҳои амн интиқол дода шуда ва 35 мошин аз миёни анбори барф берун кашида шудаанд. Генерали тоҷик аз Русия, Узбакистон ва Ҳиндустон барои ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба осебдидагони ҳодисаҳои табиии соли ҷорӣ ибрози сипос кард.

Ҳарчанд дар ҳамоиши Душанбе раҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зарурати тавсеъаи ҳамкориҳои минтақавӣ барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид доштанд, вале то ба ҳол дар ин росто қадамҳои мушаххас бардошта нашудааст. Ба гуфтаи ширкаткунандагони ҳамоиш, ин ниҳодҳо умдатан дар чорчӯби созмонҳое, чун Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии изтирорӣ дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ ё РЕАКТ ҳамкорӣ мекунанд, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ таъсис ва сармоягузорӣ мешаванд.

Ба ҳангоми вуқӯи офатҳои табиӣ, назири зилзила, обхезӣ, сел ё фаромадани тармаю сангпораҳо дар навбати аввал созмонҳои хайрияи байналмилалӣ ба кишварҳои минтақа бо шумули Тоҷикистон дасти мадад дароз мекунанд. Ба гуфтаи Ян Харфста, раҳбари намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, аз соли 2003 то ба ҳол ин ниҳод барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 27 миллион доллар кумакҳои мухталиф ироа кардааст.

XS
SM
MD
LG