Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Таҳқиқи ҳодисаи ахир дар марз бо Тоҷикистон идома дорад


Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, ки масъулини ин кишвар ҳодисаи дар марзи Тоҷикистон боздошт шудани ду низомии қирғизро таҳқиқ мекунанд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 24 июл дар Бишкек раиси хадамоти марзбонӣ Уларбек Шаршеев ба хабарнигорон гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаи охир, ки дар марз бо Тоҷикистон рух додааст, дар ҳамкорӣ бо марзбонҳои Тоҷикистон идома дорад. “Бар асоси натиҷаҳои ин таҳқиқот гунаҳгорон ҷазо мебинанд”, гуфт Шаршеев. Ба иттилои ӯ, дар нимсолаи 2018 марзбонони Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон 5 ҳодисаро сабт кардаанд, ки назар ба соли гузашта камтар будааст. “Дар маҷмӯъ, марз ором аст”, гуфт Шаршеев.

Зоҳиран ишораи Шаршеев ба ҳодисаи рӯзи 20 июл аст, ки дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рух дод. Дар як моҷаро сокинон ва мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки миёни онҳову чор шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла ду марзбон баҳсе сари мансубияти замин бархост. Дар паи баҳс, ба қавли раёсати марзбонии вилояти Суғд, ду марзбони қирғиз дар ҳудуди ҷамоати Ворухи Исфара боздошт ва баъди музокира бо марзбонони Қирғизистон раҳо шуда ба ҷои доимии худ баргаштанд.

Рӯзи 24 июл дар Ворух мулоқоти намояндагони мақомоти ноҳияи Ботканд, мутахассисони заминченкуниву дигар масъулон бо мақомоти шаҳри Исфара баргузор шуд.

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи “Тоҷикон”-и ҷамоати деҳоти Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мулоқот инчунин моҷароҳои чанд моҳи охир дар қитъаҳои марзӣ баррасӣ шуд. “Мо ба раиси шаҳр ҳамаи ҳодисаҳои рухдода, аз ҷумла моҷарои моҳи май ва июли соли равонро шарҳ додем”. Ба гуфтаи ӯ, дар ин музокирот баҳси миёни сокинони ду кишвар бар сари чарогоҳҳо, молу чорвои мардум ва ҳодисаи сангандозии моҳи май баррасӣ шуд.

21 июл, рӯзе баъди ҳодисаи Ворух, дар Чолпонотаи Қирғизистон музокироти вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон - Сироҷиддин Муҳриддин ва Эрлан Абдилдаев баргузор шуд ва дипломатҳои баландпоя ба зарурати суръат бахшидан ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар таъкид карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинонбарои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG