Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп сафари Британияро бо танқиди сиёсати нахуствазир Мэй оғоз кард


Намоиши эътрозии зидди Трамп дар наздикии Оксфорд. 12 июли соли 2018
Намоиши эътрозии зидди Трамп дар наздикии Оксфорд. 12 июли соли 2018

Рӯзи панҷшанбе, чанд соат баъди вурудаш ба Британия ва пазироӣ дар як маросими бошукӯҳ, президенти ИМА Доналд Трамп ба нашриячи The Sun сӯҳбат анҷом дод ва сиёсати нахуствазири ин кишвар Трезе Мэй, оиди шеваи берун шудани Британия аз Иттиҳоди Аврпуоро танқид кард.

Трамп гуфт, ки дар робита ба шеваи музокироти Брекзит, Мэй ба машварати ӯ гӯш надод.

Ба гуфтаи президенти Амрико роҳе, ки Тереза Мэй интихоб кардааст, ҳифзи робитаҳои густарда бо Иттиҳоди Аврупо аст, ки ба равобити тиҷоратии Амрико бо Британия таъсири манфӣ мегузорад. Манзури Трамп баҳсҳои тиҷоратии ИМА бо Иттиҳоди Аврупо аст, ки Британия наметавонад аз он эмин бимонад, агар ҳузури фаъолонаашро дар Иттиҳоди Аврупо ҳифз кунад.

Трамп ҳамчунин ба фаъолияти Содиқ Хон, фарзанди паноҳандаи Покистон, ки ҳоло шарҳдори Лондон аст, баҳои манфӣ дод ва гуфт, ки Хон натавонист ба "таҳдидҳои теророристӣ" муқовимат кунад. "Лондон пештар ба ман писанд, буд аммо ҳоло ангезаи сафарро намебинад"- афзӯд Трамп.

XS
SM
MD
LG