Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳалокати низомиёнаш дар қаламрави Сурияро рад мекунад


Сарбозони Русия дар хоки Сурия
Сарбозони Русия дар хоки Сурия

Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" хабар дод, ки як маргталаби ин гурӯҳ рӯзи 9 июл 35 низомии рус ва суриягиро дар вилояти Даръои Сурия ба ҳалокат расонд.

Ин маргталаб бо мошини минкоришуда ба маҳалли ҷамъшавии низомиён омад ва худро мунфаҷир кард. Ҳодиса дар шаҳри Зайзун рух додааст. Ҷангҷӯёни "Артиши озоди Сурия" ахиран ин шаҳрро ба нерӯҳои президент Башор Асад таслим карданд. Дар маросими таслими шаҳр низомиёни Русия низ ширкат доштанд.

Вазорати мудофиаи Русия хабари марги низомиёнро рад ва ин ҳодисаро "дурӯғи навбатӣ"-и тундгароён номид. Вазорат мегӯяд, "ҳамаи низомиёни рус зиндаву саломат ва пайи адои вазифаҳояшон ҳастанд".

Ба иттилои расмии Вазорати мудофиаи Русия, шумори умумии низомиёни кушташудаи рус дар Сурия ба 50 нафар мерасад, ки ҳашт нафари онҳо моҳи майи соли ҷорӣ кушта шудаанд. Шумори ғайрирасмии низомиёни кушташудаи рус ба маротиб бештар ҳисоб шудааст.

XS
SM
MD
LG