Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моидаро барои рақсидан дастгир карданд


Моида Ҳуҷабрӣ
Моида Ҳуҷабрӣ

Мақомоти Эрон Моида Ҳуҷабрӣ духтареро дастгир кардаанд, ки видеоҳои рақсидани худ дар Инстаграмро мегузорад ва 40 ҳазор мухлис дорад.

Телевизиони давлатии Эрон чанде пеш видеои Моидаро намоиш дод, ки гӯё эътироф мекард, кораш мухолифи арзишҳои ахлоқӣ буд, вале ҳадаф надошт, дигаронро ба пайравӣ ба худаш ташвиқ кунад. Ӯ тахминан 18 ё 19-сола аст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки эътирофоти Моида зери фишор сабт шудааст, чун мақомоти интизомии Эрон аз ин шева зиёд истифода мекунанд. Дар Эрон рақсидани зан дар мазҳари ом мамнӯъ аст.

Дар видеоҳое, ки Моида Ҳуҷабрӣ дар саҳифааш дар Инстаграмм гузоштааст, ӯ бидуни ҳиҷоб мерақсад. Мақомоти Эрон гуфтаанд қасд доранд, чунин саҳифаҳоро дар Инстаграмм бубанданд.

XS
SM
MD
LG