Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз фаррош то мудир... Зарнигор баъди ду сол ҷои кор ёфт


Навбати тӯлонӣ дар назди сафорати Русия дар Тоҷикистон
Навбати тӯлонӣ дар назди сафорати Русия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тарҳи нави таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ба роҳ монда шудааст, ки тавассути он аз фаррош сар карда то мудири иҷроия метавонанд барои худ дар ширкату созмонҳо ҷои по биёбанд.

  • Муассисони “Job Servise” гуфтанд, ки ҳадаф аз роҳандозии тарҳ коҳиши сатҳи бекорӣ дар кишвар аст. Вале аз ҳоло баъзе таҳлилгарон ба муваффақ шудани тарҳ бо шубҳа менигаранд. Онҳо мегӯянд, мушкиле, ки мақомот солҳо аз ҳаллаш оҷизанд, чӣ гуна як гуруҳи хурд метавонад коҳиш ҳал кунад?
Бояд ихтисосеро таълим диҳанд, ки дархӯри бозори кори Тоҷикистон аст. Агар чунин хадамот доранд, пас, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ягон беҳбудӣ оварда метавонанд. Вагарна – не
Меҳр Собириён

“Баъди ду сол ҷои кор ёфтам”

Зарнигор Ҳоҷиева тақрибан ду сол бекор буд. Ӯ мегӯяд, муроҷиатҳои батакрораш ба идораҳои давлативу хусусӣ натиҷа намедод ва аз шунидани ибораҳои “ҷойи холӣ надорем”, “коргар гирифтем”, “ҷой пайдо шавад, худамон занг мезанам” қимоб шуда буд.

Ҳоҷиеваи 40-сола мегӯяд, аксар корҳое, ки ба ӯ пешниҳод мекарданд, маоши ночиз дошт. “Дар ҷое ки бори охир кор кардам, 489 сомонӣ маош медоданд. Ин маблағ барои таъмини ду фарзанд кофӣ нест”, - афзуд ӯ.

Зарнигор Ҳоҷиева аз аввалин нафароне аст, ки тариқи низоми нави “Job service” соҳиби ҷои кор шудааст. Мегӯяд, дар оғоз бовар надошт, аммо хост ин шансро бисанҷад. “Омада ҳуҷҷатҳо ва ҳаққи хадамотро пардохтам. Аввал гуфтанд, ки ду моҳ мунтазир шавед, баъди чанд рӯз занг заданд, ки бароятон ҷойи кор пайдо кардем. Ба ман вазифаи корманди маъмуриро дар яке аз ширкатҳо пешниҳод карданд ва ман ҳам қабул намудам. Ҳоло кор мекунам”, - гуфт ӯ.

Рӯйхати корҳо

Меҳрубон Бурҳонов
Меҳрубон Бурҳонов

Меҳрубон Бурҳонов, иқтисоддон ва яке аз муаллифони тарҳи “Job Servise”, мегӯяд, лоиҳаи онҳо тоза ба кор шуруъ карда, бекоронро асосан дар бахши хусусӣ бо шуғл таъмин менамояд. Бурҳонов рӯзи 7-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо зиёда аз 300 ширкати хусусӣ шартнома доранд ва кормандонро ба ин созмонҳо пешниҳод мекунанд.

Ӯ гуфт, “тартиби кори мо чунин аст, ки довталаби ҷойи кор дархост менависад ва мегӯяд, барояш чӣ гуна кор зарур аст. Пас аз ин ӯ ҳаққи хидматрасониро, ки аз 50 сомонӣ шуруъ мешавад, пардохт мекунад. Дар муҳлати ду моҳ он нафарро ба ҷойи коре, ки мехоҳад, таъмин мекунем. Албатта кафолат намедиҳем, аммо тамоми талошро мекунем, то ӯ соҳиби ҷойи кор шавад.”

Меҳрубон Бурҳонов гуфт, барои дарёфти ҷойи кор онҳо метавонанд аз фаррошу ронанда то менеҷер дархост қабул кунанд. Муаллифи лоиҳаи “Job Service” афзуд, ҳадафи аслиашон ин саҳм гузоштан дар коҳиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар Тоҷикистон беш аз 54 ҳазор нафар ба ҳайси бекор сабт шудааст. Аммо бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, шумори бекорон дар кишвар аз омори расмӣ се баробар бештар аст.

Чанд “агар” барои муваффақ шудан

Тартиби таъмини бекорон бо шуғл тариқи оҷонсиҳои ба кор таъминкунии хусусӣ аз таҷрибаҳои муваффақ дар кишварҳои пешрафта мебошад. Аммо таҳлилгарон бо ишора ба вазъи феълии бекорӣ ба муваффақ шудани ин тарҳ дар Тоҷикистон бо шубҳа менигаранд. Меҳр Собириён, таҳлилгари умури иқтисодӣ мегӯяд, пайдо кардани коргарон аз сӯи корфармоён дар Тоҷикистон мушкил нест ва барои ин кор чанд восита вуҷуд дорад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, тариқи нашрия ё сомонаҳои таблиғотӣ дилхоҳ корфармо метавонад коргар пайдо кунад ва дар ин ҳол ниёзе ба агентҳои ба кортаъминкунӣ намемонад.

Меҳр Собириён
Меҳр Собириён

Аммо Меҳр Собириён мегӯяд, агар муаллифони лоиҳаи нав мехоҳанд муваффақ шаванд, пас, бояд дар омода кардани кадрҳои зарурӣ барои бозори меҳнати кишвар талош намоянд. “Курсҳои омӯзишие ташкил кунанд ва дар онҳо ихтисосҳое таълим дода шавад, ки барои бозори меҳнати Тоҷикистон зарур аст. Агар чунин хадамот дошта бошанд, пас, метавон умедвор шуд, ки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ягон беҳбудӣ оварда метавонанд. Вагарна – не”, - гуфт ӯ.

Бекорӣ ва набуди шуғли доимӣ барои аҳолӣ аз мушкилҳои умдаи Тоҷикистон ном бурда мешавад. Қисми бештари нирӯи кории кишвар ё зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ҷойи кор ҳамасола ба хориҷа ва асосан ба Русия мераванд.

Ин гуруҳ мегӯянд, ҳарчанд шароиташон дар хориҷа дар бисёр ҳолат тоқатфарсо аст, ба ҷуз сабр чораи дигар надоранд. Мақомоти тоҷик низ вуҷуди ин мушкилро эътироф карда, мегӯянд, барои ҳалли он чанд иқдом кардаанд. Аз ҷумла ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ, ки дар баъзе ҳолат ҷойҳои кораш холӣ мемонанд.

Тибқи омори расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили меҳнат ба 2,5 миллион баробар буда, танҳо 51 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ доранд. Ҳарчанд бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ шумори бекорон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ се маротиба бештар аст. Чун ба гуфтаи таҳлилгарон як гаштугузор дар кӯчаву бозорҳои кишвар сатҳи бекори миёни сокинонро бозгӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG