Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо умеди миллионер шудан. Панҷшанбе 23 сол боз интизор аст. САДО


Панҷшанбе Ошурмамадов, сокини 68-солаи деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшон 23 сол боз талош дорад, то ҳамроҳ бо ҳамдеҳагон “бузургтарин қитъаи замини кишт дар Бадахшон”-ро обёрӣ кунанд.

Дар замони Шӯравӣ тарҳаш буд, вале маблағгузорӣ нашуд. Об ба роҳи мушкилгузар то деҳа мерасад. Бори аввал муҳандисҳо тарҳро нодуруст кашиданд ва об то ин мавзеъ нарасид.

Агар об тариқи қубури бузург аз рӯдхонаи Язғуломдара, аз масофаи 6 километр то ин қитъаи замин бирасад, ӯ соҳиби 100 гектар замин мешавад. Моликияте, ки ӯро заминдори рақами яки вилояти куҳистони Бадахшон мекунад ва ба ҳисобу китоби худаш, дар зарфи панҷ сол, миллионер хоҳад шуд. Пас аз 23 сол, қарор аст, ин лоиҳа ҳамин сол ниҳоӣ шавад.

Барои амалӣ шудани ин орзуи Панҷшанбе ҳукумати маҳаллӣ ва Бунёди Оғохон дар зарфи 20 сол беш аз як миллион доллар харҷ кардаанд.

Аз афсона то ҳақиқат

Соли 1995 Панҷшанбе, ки он замон 45 сол дошт, ҳамроҳ бо ҳамдеҳагон, ба ҳукумати маҳаллӣ ва Бунёди Оғохон нома навишт, то барои обёрии ду ҳазор гектар замини деҳаи Рошорв кумак кунанд.

Панҷшанбе Ошурмамадов
Панҷшанбе Ошурмамадов

Дар вилояти Бадахшон, ки аз лиҳози масоҳат калонтарин вилояти Тоҷикистон аст ва ҳамагӣ камтар аз 12 ҳазор гектар замини кишт дорад, ду ҳазор гектар замини обёришавандаи Рошорвро сокинон ганҷина медонанд. Бори аввал дар соли 1996 барои обёрии ин қитъаи замин наздики 600 ҳазор доллар ҷудо шуд ва чанд соли пеш об то наздики деҳа расид, вале замин фурӯ рафт ва канал тахриб шуд. Соли гузашта барои барқарории канал 400 ҳазор доллари дигар ҷудо шуд ва қарор аст, рӯзҳои наздик об то деҳа расад.

Панҷшанбе Ошурмамадов, сокини деҳаи Рошорв, ки даҳ сол ҳамоҳангсози барномаи обёрии заминҳои Рошорвро бар дӯш дошт, рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, обёрии ин заминҳоро садсолаҳо гузаштагонаш орзу мекард. Ӯ мегӯяд, иқлими ин мавзеъ хушк аст ва бидуни об он заминҳо кишт намешаванд.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:58 0:00
Линки мустақим

“Ин мисли орзую афсона буд, ки рӯзе ба ин заминҳо об биояд. Дар замони Шӯравӣ тарҳаш буд, вале маблағгузорӣ нашуд. Об ба роҳи мушкилгузар то деҳа мерасад. Бори аввал муҳандисҳо тарҳро нодуруст кашиданд ва об то ин мавзеъ нарасид. Ин заминҳо тамоми вилоятро бо картошка ва дигар намуди сабзиҷот таъмин мекунад. Сад гектар дархост дорам ва ваъда ҳам ҳаст, ки бароям медиҳанд. Картошка, гандум ва ҷав кишт мекунам. Ин заминҳоро дуруст истфифода кунем, на танҳо ман, балки ҳама сокинони деҳа миллионер мешаванд”, - гуфт ӯ.

Панҷшанбе омӯзгори фанни забони русист. Се духтар ва ду писар дорад. Писаронаш ҳоло дар Русия муҳоҷиранд. Ӯ мегӯяд, бо омадани об писаронашро аз Русия ба ватан пас мехонад, то дар замин кор кунанд.

Об намеояд! Ё чаро Мадумар ноумед шуд?

Деҳаи Рошорви ҷамоати Савноби Рӯшон дар водии дурдасти Бартанг дар баландии беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар ин деҳа 186 хонавода зиндагӣ мекунад. Ин деҳа, ки калонтарин деҳаи водии Бартанг аст, бо нерӯи барқ таъмин нест ва зимистон низ роҳҳои мошингард ба он баста мешавад. Маводи озуқаро сокинон аз Хоруғ дастрас мекунанд. Оҷонсии таъмини озуқаи назди президент дар ин водӣ анбори вижа дорад, то ҳангоми бастани роҳҳо мардум аз он ҷо орду дигар маводи ниёзи аввалро дастрас кунанд.

Ҳоло чашми аксари сокинони деҳа ба обёрии ин заминҳо дӯхта шудааст, ба умеди онки аз мушкили тӯлонӣ раҳо шаванд. Аммо бархе сокинон дар ин 23 сол, ки Панҷшанбе талоши овардани об ба Рошорвро дошт, умедро аз даст додаанд.

Мадумар Мадумаров, сокини 58-солаи деҳаи Рошорв мегӯяд, бори дувум аст, ки барои канал пул ҷудо мешавад, вале зоҳиран он маблағҳо дуруст истифода намешаванд. “Каналро бо роҳи нодуруст кандаанд. Шояд ба мисли чанд соли пеш муваққатан об биояд, вале аз обёрии ин заминҳо ноумед шудаам. Фикр мекунам, ки бо ин роҳ овардани об боз қубурро хароб мекунад. Аз 23 соли ваъдабозӣ хаста шудам ва умедамро аз даст додам”, - гуфт ӯ.

3 метр замини кишт барои 1 нафар

Малабек Малабеков, раиси ҷамоати Савноби ноҳия Рӯшон, ки деҳа дар он ҷойгир аст, мегӯяд, ин бор татбиқи лоиҳа ҷиддист.

“Ҳоло 550 гектар замин ҷудо шудааст. Бар асоси ин барнома техникаи кишоварзӣ низ дода шудааст. Техникаҳо ба деҳа расиданд. То охири ҳамин моҳ об меояд ва мо таҷрибавӣ дар 20 гектар замин ҷаву юнучқа кишт мекунем. Ба маблағи 70 ҳазор доллар як экскватор хариданд. Ва аз Украина барои ҷуфти замин бо маблағи 30 ҳазор доллар як трактор харида оварданд”, - гуфт ӯ.

Гулаёз Ниёзов, раиси Идораи кишоварзии ноҳияи Рӯшони вилояти кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар сокин чӣ қадар замине хост, бар асоси қонун барояш медиҳанд. Ин масъули Идораи кишоварзӣ мегӯяд, ҳоло дар ноҳия 1,5 ҳазор замини кишт аст ва бо обёрии заминҳои Рошорв теъдоди ин заминҳо бештар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, кашфу обёрии заминҳои бештар мушкили бекорӣ, нашъамандӣ ва майзадагиро коҳиш хоҳад дод. Ӯ гуфт, “ҳоло дар соҳили рӯди Панҷ низ замин ҳаст, вале онҳоро об мезанад. Онҳо ҳам соҳилбандӣ мешаванд ва замини киштро бештар мекунем”.

Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон наздики 300 ҳазор аҳолӣ дорад. Ҳарчанд. масоҳати вилоят нисфи Тоҷикистонро ташкил медиҳад, бинобар кӯҳистону сангӣ будан замини кишташ хеле кам аст. Бар асоси ҳисоби расмӣ ба ҳар сокини ин вилоят ҳамагӣ бештар аз 3 метр замини кишт мерасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG