Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳнасозии "тазоҳурот" дар Душанбе мардумро тарсонд


Аксро яке аз корбарони Фейсбук бардошта ва дар саҳифааш гузоштааст. Ӯ навиштааст, чӣ ҳодиса шудааст?
Аксро яке аз корбарони Фейсбук бардошта ва дар саҳифааш гузоштааст. Ӯ навиштааст, чӣ ҳодиса шудааст?

Шаби 13-уми май садои эътирози гурӯҳе аз одамон ва талоши пулис барои пароканда кардани онҳо сокинони хиёбони марказии шаҳрро ба ташвиш андохт.

Издиҳом талош дошт, бо ҳаёҳу ба сӯйи хиёбони марказӣ ҳаракат кунанд, аммо маъмурони пулис, ки сипар ва кулоҳи амниятӣ доштанд, аз ҳаракати шӯришгарон ба пеш ҷилавгирӣ мекарданд. Онҳое, ки дар кӯчаҳои марказӣ зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, аввал бо шунидани сару садо ва дидани пулиси зиёд тарсиданд, вале баъд фаҳмиданд, ки ин як машқ аст ва эътироз ҳам саҳнасозӣ буд.

Мавлуда, сокини як бинои баландошёна дар кӯчаи марказии наздик ба боғи Рӯдакӣ, мегӯяд, он шаб кори муҳимеро иҷро мекард ва то дер бедор буд. Якбора дар кӯча сару садои ҳаёҳуи одамон баланд шуд ва баъдан садои бонги мошини пулис ҳамаро пахш кард. Мавлуда мегӯяд, сахт тарсид, чун фикр кард, ки ҷанг шурӯъ шуд.

“Бо вуҷуде, ки дар ошёнаи баланд зиндагӣ мекунам ва тирезаҳо баста буд, овози издиҳоми одамон хуб ба гӯш мерасид. Тирезаро кушодам, теъдоди зиёди милисаҳо дар роҳҳо равуо мекарданд. Роҳҳо баста буданд. Ба худ фикр кардам, ки тамоми ниҳодҳои қудратии мо қудтарти таъмини амниятро доранд, вале боз ҳам маро даҳшат фаро гирифта буд” - мегӯяд, ӯ.

Тамрини тазоҳурот инҷо ҳам сурат гирифт.
Тамрини тазоҳурот инҷо ҳам сурат гирифт.

Баҳром сокини дигари хиёбони наздик ба майдони Исмоили Сомонӣ, мегӯяд, издиҳоми “тазоҳургарон” аз назди бинои онҳо гузашта, ба сӯйи хиёбони марказӣ ҳаракат кард. Баланд шудани садоҳо ба гуфтаи Баҳром бештар аз ҳама занони маҳалларо ба таҳлука андохтааст.

Занҳоро таскин додем, ки оромӣ аст

“Як ду зани ҳамсоя берун баромада пурсиданд, ки чӣ гап аст, ҷанг аст? Маълум, ки тарсида буданд. Мо бо бачаҳо рафтем дидем, ки пулис машқ мекунад ва омада занҳоро таскин додем, ки оромӣ аст” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Як ду зани ҳамсоя берун баромада пурсиданд, ки чӣ гап аст, ҷанг аст? Маълум, ки тарсида буданд.

Ба гуфтаи Баҳром, беҳтар мебуд, аз чунин машқҳо сокинонро пешопеш огоҳ мекарданд, ё рӯзона баргузор мешуданд, то боиси тарсу ваҳми мардум нагардад.

Ба фарқ аз ҳамсояҳои дигар, Наталя Бақоева, сокини миёнсоли пойтахт, ин ҳолатро оддӣ ва бе ягон тарсу ҳарос қабул кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар кишвар вазъ мӯътадил аст ва ҷое барои тарс нест.

“Вақте бонги пулисро шунидам, фикр кардам, ягон нафар қонунро вайрон кардааст ва пулис ӯро таъқиб мекунад. Вале ташвиш нашудам" гуфт, Наталя Бақоева

Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, талоши пароканда кардани тазоҳурот дар хиёбони марказӣ, як машқи маъмулии мақомот буд, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна нооромӣ гузаронида шуд.

Машқи маъмулии кормандони пулис

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат рӯзи 15 - уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, машқи омодабош пайваста гузронида мешаванд ва нақши тазоҳургаронро ҳам кормандони сохторҳои қудратӣ иҷро кардаанд.

Умарҷони Эмомалӣ мегӯяд, ҳеҷ ҷойи тарс нест.
Умарҷони Эмомалӣ мегӯяд, ҳеҷ ҷойи тарс нест.

“Мо пайваста чунин машқҳо мегузаронем. Ин машқи омодабош аст. Фақат ин бор машқ каме барвақттар соати тақрибан 22 ба 23 00 -и шаб гузаронида шуд. Маъмулан чунин машқҳои дери шаб сурат мегиранд. Шояд баъзеҳо бехабар буданд, аммо дар маҷмӯъ кормандони пулис дар чунин ҳолат мардумро огоҳ мекунанд, ки натарсанд” – гуфт, Умарҷони Эмомалӣ

Сокинони Тоҷикистонро, ки ҷанги шаҳрвандиро ёд доранд, ҳамагуна издиҳому таҷаммӯъ нигарон мекунад. Ба андешаи Мурод, як сокини шаҳр, паёмади ҳар тазоҳурот бетартибӣ ва ҷанг аст.

“Ҳатман одам метарсад аз митингҳо. Одамон якдигарро мезананд. Милиса меояд, мезанад, одамонро боздошт карда мебаранд. Дар ин байн одамони бегуноҳ ҳам боздошт мешавад. Ғоратгарӣ мешавад. Барои ҳамин ҳар кас аз эътироз метарсад”- гуфт, Мурод.

Мо пайваста чунин машқҳо мегузаронем. Ин машқи омодабош аст.

Пулиси Тоҷикистон дар ҳоле барои пароканда кардани тазоҳурот тамрин баргузор кард, ки сохторҳои қудратии Арманистон ва Гурҷистон дар ин авохир бо эътирозҳои воқеӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Дар Арманистон тазоҳуроти густардаи мардум, ки истеъфои нахуствазирро талаб доштанд, чанд ҳафта идома кард. Дар Гурҷистон ҳазорон нафар алайҳи амалкарди пулис дар намоишҳои эътирозӣ ширкат карданд.

Ҷазо барои гирдиҳамонии беиҷоза

Дар Тоҷикистон ба митингу раҳпаймоиҳо дар чаҳорчӯбаи муайян иҷоза дода мешавад. Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби қонун дар бораи гирдиҳамоӣ ва намоишҳо соли 2014 барои баргузории митингҳои беиҷозат муҷозот таъин кард.

Ин қонун баргузории маҷлису гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳои осоиштаро ба шаҳрвандони Тоҷикистон манъ намекунад, аммо чунин чорабиниҳо бояд бо иҷозаи мақомот сурат гирад.

Тибқи ин қонун ташаббускорони чунин чорабиниҳо бояд 15 рӯз қабл аз баргузории гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ ба ҳукумати маҳалҳо бо ариза муроҷиат кунанд ва замону макон, теъдод ва ҳадафи онро баён созанд.

Мақомот мегӯянд, онҳо аслан зидди роҳпамоиву гирдиҳамоиҳо нестанд ва ба роҳпаймоие, ки ба таври осоишта ва дар доираи қонун баргузор мешавад иҷоза дода мешавад.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанберо ташкилшуда аз тарафи давлат номидаанд
Ин гирдиҳамоӣ дар Душанберо ташкилшуда аз тарафи давлат номидаанд

Вале ба андешаи таҳлилгарон, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ин сӯ давлати Тоҷикистон ба баргузории ягон гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат надодааст ва талошҳо барои хурдтарин эътироз ба вокуниш рӯбарӯ гаштааст. Аммо ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи созмону сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ бо ширкати гурӯҳе аз ҷавонон баргузор шудааст.

Вале бархе ҳам ба ин назаранд, ки ҳодисаҳои монанд ба таҳаввулоти Арманистон, ки аз ҷиҳати бекорӣ ва вазъи бади иқтисодӣ ба Тоҷикистон шабоҳат дорад, тасодуфан сар мезананд ва авҷ мегиранд. Баъзе ҳамсӯҳбатҳои мо бар ин боваранд, ки тамрини парокандасозии тазоҳургарон танҳо як машқ нест, балки ҳушдоре ҳам ҳаст барои сокинони норозӣ.

Дар ҳар сурат ба андешаи Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гузаронидани машқҳои омодабош дар кишвар муҳиманд, вале бояд дар доираи чунин машқҳо ба пулис на роҳҳои пахш кардани тазоҳургарон, балки муносибати осоишта ва роҳҳои беосеб анҷом ёфтани он омӯзонида шавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG