Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Шумо дар Душанбе чӣ писанд нест? ВИДЕО


Дар Душанбе ба шумо чӣ писанд нест?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Дар Душанбе чӣ маъқул нест?

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки барояшон дар пойтахти Тоҷикистон чӣ чиз маъқул нест. Чанде аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ, иддае дигар аз хадамоти коммуналӣ ва бекорӣ шикоят карданд.

  • “Мушкили нақлиёти ҷамъиятӣ то ба ҳол ҳал нашудааст. Хеле умед дорам, ки мушкил ҳарчи зуд баратараф шавад ва мо тавонем роҳаттар равуо кунем.”
  • “Бефарҳангии баъзе одамон маъқул нест. Аз соати сеи шаб кӯчаҳоро пок мекунем. Як соат нагузашта, роҳгузарон когаз мепартоянд, нос туф мекунанд ва... корҳои безеб мекунанд. Соати сеи шаб оед, ҳамаашро мебинед.”
  • “Ронанда ҳастам. Мошини “Мерседес”-и соли истеҳсолаш 1996 дорам. Чанд бор гуфтам, ки иҷозатнома диҳанд, то таксиронӣ кунам. Дар доираи қонун. Ҷавоб нест. Ҳамин бароям маъқул нест. Эътибор намедиҳанд, ки мардум ҷои кор надоранд.”
  • “Масъалае, ки дар Душанбе бароям маъқул нест, сатҳи пасти хадамоти коммуналӣ аст. Аз ин хадамот розӣ нестам.”
  • “Пеши хонаамон баста аст. Аз дар мебароӣ, деворро мебинӣ. Ҷое барои нишастану бозии кӯдакон нест.”
  • “Хонаи мо дар маҳаллаи “Ҳаёти нав” аст. Аз замони Шӯравӣ “асфалт”-ро надидааст. Борон борад, чунин лойқае мешавад, ки гаштан намешавад.”
  • “Мусофирбарҳо дер меоянд, одами зиёд мегиранд, ҳаво намерасад.”

Шумо чӣ мегӯед? Назари худро дар зери матлаб бинависед

Шарҳҳоро бинед (43)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG