Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Исроил гузаргоҳи "Рафаҳ"-ро ишғол кардаанд


Рафаҳ
Рафаҳ

Нерӯҳои Исроил субҳи 7-уми май гузаргоҳи "Рафаҳ"-ро дар Навори Ғазза тасарруф ва фаъолияти онро қатъ карданд. Бино ба хабарҳо, дар ҳоли ҳозир убури мошинҳо тавассути ин гузаргоҳ қатъ шудааст.

Ба иттилои артиши Исроил, шаби гузашта дар натиҷаи амалиёти заминӣ 20 низомии гуруҳи "Ҳамос", ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эълом гаштааст, кушта шуданд. Ҳамчунин ду нақб ошкор ва як мошин бо маводи тарканда маҳв карда шудааст.

Девони низомии Исроил қарор кард, ки амалиёти низомӣ дар Рафаҳ идома ёбад. Ҷониби Исроил гуфт, фишор ба "Ҳамос"-ро бо мақсади раҳоии ҳамаи гаравгонҳо идома медиҳад.

Рафаҳ дар ҷануби Ғазза ва дар сарҳад бо Миср воқеъ аст. Ҷое, ки беш аз як миллион фаластинии овора паноҳ ёфта буданд.

XS
SM
MD
LG