Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд 2 намояндаи Теҳронро ихроҷ кард, аммо тафсилот надод


Идораи истихбороти Ҳолланд ду корманди сафорати Эронро ихроҷ кардааст. Мақомоти Ҳолланд дар ин бора рӯзи 6-уми июл хабар дода, вале аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ намуданд.

Як мақоми олирутбаи Эрон ба хабаргузории “Рейтерс” гуфтааст, ки ҳамаи боздоштҳо ва ихроҷ барои зарба задан ба талошҳои ҳифзи созиши атомӣ сурат гирифтааст.

Вазирони корҳои хориҷии Эрон ва панҷ кишвари имзокунандаи тавофуқномаи атомии соли 2015 бо ин кишвар рӯзи ҷумъа дар Вена, пойтахти Австрия, гирдиҳам омаданд. Баъди берун шудани Амрико аз ин тавофуқнома, бақияи кишварҳо саъй доранд, ки онро ҳифз намоянд.

Федерика Моғеринӣ, раиси идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодяи Аврупо гуфт, ҳама созиш карданд, ки ба гуфтугӯҳо барои нигаҳдории ин тавофуқнома идома медиҳанд. Аз кадом пешрафти умдае дар гирдиҳамоии 6-уми июл гузориш нашудааст.

Видеоҳои охирин

Тоҷирони бозори "Лола": "Намегузоранд, ки як нолаи даҳонамонро ёфта хӯрем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:19 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG