Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тазоҳургари ноболиғ бо пироҳани "хунолуд" дар Русия


Мақомоти Русия чаҳор нафар аз ҷумла як ноболиғеро дастгир карданд, ки дар назди майдони футболе дар шаҳри Санкт Петербург тазоҳурот доштанд.

Лика Петровская дар тан пироҳани хунолуде доштааст ва гуфтааст, ки мехост, аз ин роҳ таваҷҷӯҳро ба мушкилоти кишвар ҷалб кунад. Духтари 16-солаи рус рӯзи 3-уми июл ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, “Мо мехостем, ин воқеиятро нишон бидиҳем, ҳама чиз дар дохили кишвар чандон хуб ва зебо нест.”

Русия тамоми кӯшишро ба харҷ додааст, то бо истифода аз мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол кишварро ба хориҷиён бисёр ҷойи хубе муаррифӣ намояд. Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти интизомӣ ҳамроҳ бо Лика Петровская се нафари дигарро дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG