Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрасҳои Додгоҳи олии Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд


Бинои Додгоҳи Олии Қирғизистон
Бинои Додгоҳи Олии Қирғизистон

Додситонии кулли Қирғизистон нисбати се додраси Додгоҳи олии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Жаркиной Азиева, намояндаи додситонии кул хабар дод, ки "инҳо дар поймол кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд ва ҳабси ғайриқонунии вай айбдор мешаванд".

"Дар доираи парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрванд О.Т. қарори манъи хориҷ шудан аз ҷои зист қабул шуд. 25 августи соли 2017 додгоҳи ноҳиявӣ дар ҷараёни баррасии парвандаи О.Т. ӯро муддати як моҳ ба ҳабс гирифт. Додгоҳи зинаи болоӣ ин қарорро бе тағйир боқӣ гузошт. О.Т. ба додгоҳи олӣ шикоят бурд. Додгоҳи олӣ 6 апрели соли 2018 шикоятро дарёфт, аммо давоми 15 рӯзи муқарраркардаи қонун, онро баррасӣ накард", - хабар медиҳад намояндаи додситонӣ.

Ҳамзамон алайҳи афроди масъули дастгоҳи Додгоҳи олӣ ва боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Бишкек низ парванда боз шудааст.

Масъулони боздошгоҳ шаҳрванд О.Т.-ро 12 рӯз ғайриқонунӣ дар ҳабс нигоҳ доштаанд. Шикояти О.Т. танҳо 14 майи соли 2018 дар додгоҳи олӣ баррасӣ шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки ин шаҳрванд Темирлан Ормукови нобиност. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки алайҳ додрасҳои додгоҳи олӣ шикоят накардааст.

"Ба ман муфаттиши додситонии кул тамос гирифт. Пурсид, ки оё ман ариза менависам, ман посухи рад додам", - гуфт Ормуков. Ормуков аз эҳтимол дур намедонад, ки додситонӣ қазияи ӯро ба манфиати худ истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG