Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиёни Хуррамшаҳр: “Ба номи дин моро ғорат карданд”


Гуруҳе аз сокинони Хуррамшаҳри Эрон рӯзи 29-уми июн бо норозигӣ аз шӯрӣ ва вазъи бади об таҷаммуъ карданд. Хабаргузории расмии “Ирна” навишт, ки онҳо дар маҳалли баргузории намози ҷумъа гирд омада ва хостори беҳбуди кайфияти об шудаанд.

Бар асоси наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, эътирозгарон дар ҳоле ки зарфҳои холии об дар даст доштанд, шиорҳоеро ба забони форсӣ ва арабӣ сар медоданд.

“Масъули белаёқат намехоҳем, намехоҳем”, “Ба номи дин моро ғорат карданд” ва “Фармондор, бирав, гум шав” аз ҷумлаи шиорҳои эътирозгарон буд.

Сокинони Ободон ва Хуррамшаҳри Эрон мегӯянд, ки мушкили оби ошомиданӣ доранд. Яке аз сокинони Ободон ба бахши форсии Радиои Озодӣ гуфт, “бар иловаи онки об шӯр аст, бӯғи ғализе дорад ва қобили нӯшидан нест. Мардум маҷбуранд об бихарранд, ки он ҳам то андозае шӯр шудааст.”

Аммо мақомоти Эрон гуфтаанд, ба сокинони Хуррамшаҳру Ободон оби поки бепул пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG