Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон шаҳрванди ИМА-ро ки ба терроризм муттаҳам мешуд озод кард


Зокир Алиев

Мақомти Узбекистон як шаҳрванди Ийолоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки бо гумони узвият дар гурӯҳи шӯришгарони Афғонистон боздошт шуда буд, озод карданд.

Зокир Алиев рӯзи 23 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ як рӯз пеш ба шарти берун нарафтан аз кишвар дар ҷараёни тафтишот, аз маҳбас озод шуд.

Алиевро рӯзи 16 июн, як соат баъди ворид шудан ба зодгоҳш Қаршӣ, воқеъ дар минтақаи Қароқалпоқистон, боздошт карданд.

Рӯзи 18 июн, Хадамоти амнияти Узбекистон гуфт, ки ин мард бо гумони ҷиноятҳои марбут ба терроризм, аз ҷумла узвияти дар Ҳаракати Исломи Узебкистон, дар соли 200 ва иштирокаш дар ҷангҳои зидди эътилофи нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон боздошт шуд.

Алиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар Афғонистон набуд ва ҳеҷ гоҳ ва ифротгароҳои исломӣ кӯмак накардааст.

Ӯ гуфтааст, ки пайвандонашро солҳо боз надида буд ва баъди он ки президент Мирзиёев ҳамватанони муҳоҷирро ба ватан хонд, қарор кард, хешонашро бубинад.

Зокир Алиев гуфт, ки ба кишвар аз роҳи қонунӣ, бо визаи 90-руза ворид шуд ва раводидро дар сафорати Узбекистон дар Вашингтон дарёфт кард.

Ҳаракати Исломии Узбекистон созмони террористӣ эълон шудааст ва фаъолияти он дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Узбекистон, ИМА, Британия, Канада ва Русия манӯъ аст.

Зокир Алиев, ки Узбекистонро 25 сол пеш тарк карда буд, дар як ширкати хусусии ИМА ба сифати ронандаи таксӣ кор мекунад.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG