Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Туркия идома дорад


Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар Туркия идома дорад. Раиси ҷумҳури кунунӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз 15 сол ба ин тараф ҳокимияти комили Туркияро дар даст дорад.

Аммо ҳоло гуфта мешавад, аҳзоби мухолиф як эътилофро дар баробари ҳокимияти мутлақи Эрдуғон эҷод мекунанд.

Раиси ҷумҳури Туркия дар моҳи апрел эълон кард, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонии кишвараш як сол пеш аз таърихи таъйиншуда баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси гузоришҳо, пирӯзӣ дар интихобот ба Эрдуғон кумак хоҳад кард, ки қудраташро афзоиш диҳад. Аммо дар интихоботи 24-уми июн интизор меравад, ӯ бо рақобатҳои шадид рӯ ба рӯ шавад.

Назарсанҷиҳо аз қабл нишон медиҳанд, ки шояд интихобот ба даври дувум биравад.

XS
SM
MD
LG