Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – таҳримҳои зидди Куриёи Шимолиро барои як соли дигар дароз кард. Ин таҳримҳо соли 2008 дар робита ба силоҳи ҳастаии Пхенян ҷорӣ шуда буд.
Президент Трамп таҳримҳоро рӯзи 22-юми июн, баъди як ҳафтаи он дароз кард, ки дар Твиттери худ навишта буд, дигар таҳдиди ҳастаӣ аз тарафи Куриёи Шимолӣ вуҷуд нахоҳад дошт.
Вазорати дифои Амрико тамринҳои низомии ин кишвар бо Куриёи Ҷанубиро то замони номуайян ба таъхир даровард
Доналд Трамп рӯзи 12-уми июн бо ҳадафи коҳиши танишҳо дар нимҷазираи Куриё бо Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ дар Сингапур мулоқоти таърихӣ дошт. Ин мулоқот бо имзои як мувофиқатнома ба поён расид. ки бар асоси он ӯҳдадор шуданд, ба тарафи халъи силоҳи комили ҳастаӣ дар нимҷазираи Куриё ҳаракат кунанд. Дар айни ҳол Амрико ваъда додааст, ки ба Куриёи Шимолӣ замонатҳои амниятӣ бидиҳад.
Ин бори аввал буд, ки як раиси ҷумҳури дар сари қудратбудаи Амрико бо як раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кард. Ин мулоқот дар пайи танишҳои лафзӣ мақомҳои ду кишвар як бор лағв шуд, аммо ду тараф бо тағйир додани лаҳни худ барои баргузории ин нишасти бесобиқа тавофуқ карданд.
Ба дунболи ин нишаст, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, таҳримҳо боқӣ хоҳанд монд, магар инки пешрафти қобили мулоҳизае дар халъи силоҳи ҳастаии Куриёи Шимолӣ ба миён наояд. Дар фармони дирӯзи Доналд Трамп ҳам гуфта шудааст, “иқдомот ва сиёсатҳои ҳукумати Куриёи Шимолӣ ҷиҳати таҳдиди ғайримаъмул ва фавқулода ба амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва иқтисодии Иёлоти Муттаҳида идома дорад.”
Ҳамзамон бо ин, Вазорати дифои Амрико рӯзи 23-юми июн тамринҳои низомии ин кишвар бо Куриёи Ҷанубиро то замони номуайян ба таъхир даровард. Ин бахше аз ваъдаҳое байни раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун дар ҷараёни дидори онҳо дар Сингапур будааст.
Раиси ҷумҳури Амрико ин тамринҳоро бозии ҷангӣ хонда, бо ҳамтои Куриёи Шимолии худ қабул карда буд, ки “таримнҳо таҳрикдиҳандаанд”.