Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона Куриёи Шимолиро ба пайравӣ аз Қазоқистон даъват кард


Қазоқистон мулоқоти нахустини президентони ИМА ва Кореяи Шимолиро "таърихӣ" унвон кард. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Қазоқистон аз рӯзи 14 июн дар робита ба мулоқоти Доналд Трамп ва Ким Чен Ун музокироти халъи силоҳи ду раҳбар як "ҳодисаи таърихӣ"-е номида шудааст, ки ба гуфтаи Қазоқистон, "шароитро барои муътадил гардонидани муносибатҳои Кореяи Шимолӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ фароҳам мекунад".

Остона ба "талошҳои Пхенян" барои халъи ҳастаӣ баҳои баланд дода, аз Кореяи Шимолӣ даъват кардааст, Қазоқистонро пайравӣ кунад, ки бо хоҳиши худ аз тавонмандии ҳастаӣ даст кашида, яке аз бузургтарин озмоишгоҳҳои ҳастаӣ дар ҷаҳонро баст.

Раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ бори нахуст дар таърих 12 июн мулоқот карданд. Президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ҳамчунин мулоқоти шахсии 45-дақиқаӣ анҷом доданд.

Дар ҳошияи гуфтугӯ эъломияи муштарак ҳам имзо шуд. Дар он Кореяи Шимолӣ вазифадор шуд, ки аз силоҳи ҳастаӣ даст бикашад ва ИМА низ ваъда дод, ки тамринҳои низомиро бо Кореяи Ҷанубӣ қатъ мекунад. Дар санад муҳлати иҷрои ин шартҳо ва риояи ҳуқуқи инсон дар нимҷазираи Корея зикр нашудааст.

XS
SM
MD
LG