Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои муштараки нирӯҳои ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ хотима меёбанд


Хабаргузории Yonhap-и Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 13 июн гуфт, ки машқҳои муштараки нирӯҳои ин кишвар ва ИМА эҳтимолан қатъ мешаванд ва ин тасмим ба музокироти халъи силоҳи ҳастаии Амрико ва Кореяи Шимолӣ рабт мегирад. Президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти хабарии шоми 12 июн баъди анҷоми музокироти таърихиаш бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун гуфт, ки баргузории машқҳое, ки “хеле таҳрикомез” ва гаронарзиш аст, феълан боздошта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Кореяи Шимолӣ рӯзи 13 июн гуфт, ки Трамп ба халъи “қадам ба қадами силоҳ” ба хотири таъмини сулҳу суботи тӯлонимуддат розӣ шуд. Ин изҳороти нахустини расмии Кореяи Шимолӣ аст, ки аз ҷониби Хабаргузории марказии Корея рӯзи 13 июн пахш шуд. Музокирот президентони Амрико ва Кореяи Шимолӣ рӯзи 12 июн дар Сингапур ҷараён гирифт ва президент Доналд Трамп гуфт, ки аз ҷараён ва натиҷаи музокирот розӣ буда, ба ояндаи хуби ин машваратҳо бовар дорад.

XS
SM
MD
LG