Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти таърихии Трамп ва Ун. Санади "фарогир" имзо шуд. ВИДЕО


Мулоқоти таърихии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ рӯзи сешанбеи 12-уми июн бо имзои як мувофиқатнома ба поён расид.

Бар асоси ин тавофуқнома, ҷонибҳо ӯҳдадор шуданд, ки ба тарафи халъи силоҳи комили ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея ҳаракат кунад ва дар айни ҳол Амрико ваъда додааст, ки ба Кореяи шимолӣ замонатҳои амниятӣ бидиҳад.

Ба гуфтаи Доналд Трамп, раҳбари Кореяи шимолӣ "ҳатто беш аз ӯ" хоҳони сулҳи пойдор аст.

​Дар баёнияи муштарак дар мавриди даст ёфтан ба ин ҳадаф, ҷузъиёти каме дода шудааст. Дар матни комили санади ҳамкории Амрико ва Кореяи шимолӣ, ки раҳбарони ҳар ду кишвар онро имзо карданд, омадааст, ки ду раҳбар гуфтугӯи "фарогир ва амиқу содиқона" доштанд.

Нуқтаҳои аслии санади ҳамкорӣ

Чаҳор нуқтаи аслӣ дар санади ҳамкориҳои раҳбарони Амрико ва Кореяи шимолӣ иборанд аз: ӯҳдадории ҳар ду кишвар ба барқарории муносибатҳои нав, талошҳои муштараки ду кишвар барои барқарории сулҳи босубот ва доимӣ дар нимҷазираи Корея, ӯҳдадории Кореяи шимолӣ ба талош дар роҳи ғайри атомӣ шудани комили ин нимҷазира ва ӯҳдадории Амрико ба додани замонатҳои амниятӣ ва ӯҳдадории ҳар ду кишвар ба "бозёфти боқимондаҳои" асирон ва зиндониён.

Дар матни баёния омадааст, "президент Трамп ӯҳдадор шуд, то ба Ҷумҳурии демократӣ-халқии Корея замонатҳои амниятӣ бидиҳад ва раиси Ким Чен Ун низ ба такмили халъи силоҳи атомии нимҷазираи Корея таъкиди дубора кард.

Мулоқоти таърихии раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ бо муваффақият анҷом ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Доналд Трамп гуфтааст, интизор меравад раванди халъи силоҳи нимҷазираи Корея "хеле хеле зуд" оғоз шавад ва бар асоси баёнияи нав, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико қарор аст "дар зудтарин фурсати мумкин", музокирот дар ин хусусро бо мақомоти Кореяи шимолӣ идома диҳад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи оқои Трамп, "ғайри атомӣ" шудани комил, "вақти хеле зиёде" мехоҳад.

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, ки бисёр мехоҳад ҳама сарбозони амрикоӣ, аз ҷумла сарбозонеро, ки дар Кореяи ҷанубӣ ҳузур доранд, ба "хона" бозгардонад.

Ин нахустин бор аст, ки як раиси ҷумҳури дар сари қудратбудаи Амрико бо як раҳбари Кореяи шимолӣ мулоқот мекунад. Меҳвари аслии музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Пхенян ва талошҳо барои халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Корея эълом шуда буд.

Ин мулоқот дар пайи танишҳои лафзӣ мақомҳои ду кишвар як бор лағв шуд, аммо ду тараф бо тағйир додани лаҳни худ барои баргузории ин нишасти бесобиқа тавофуқ карданд.

Мулоқоти таърихии Доналд Трамп ва Ким Чен Ун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Масъалаи размоишҳо

Яке аз масъалаҳои мавриди эътирози Пхенян идомаи размоишҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш дар наздикии хоки Кореяи шимолӣ будааст. Оқои Трамп рӯзи сешанбе таъкид кард, ки бо анҷоми монёврҳои низомӣ дар канори Кореяи ҷанубӣ чандон мувофиқ нест.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико, дигар хабаре аз монёврҳои низомии Амрико ва Кореяи ҷанубӣ нахоҳад буд. Субҳи сешанбе ибтидо гуфтугӯи дунафараи Доналд Трамп ва Ким Чен Ун фақат бо ҳузури ду мутарҷим баргузор шуд. Сипас музокирот бо ҳузури мушовирони баландпояи ду тараф идома ёфт.

Масъалаи ҳуқуқи башар

Рӯзи сешанбе дар посух ба суоле дар бораи гузаштаи "ваҳшатнок"-и ҳуқуқи башар дар Кореяи шимолӣ, Доналд Трамп гуфт, ки гузаштаи ин кишвар дар робита ба ҳуқуқи башар, низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Оқои Трамп бидуни ишора ба ҷузъиёте дар ин бора такрор кард, ки раҳбари Кореяи шимолӣ қарор аст даст ба иқдомоте дар заминаи ҳуқуқи башар барои мардуми худ бизанад.

Ба гуфтаи Доналд Трамп, раҳбари Кореяи шимолӣ "ҳатто беш аз ӯ" хоҳони сулҳи пойдор аст. Доналд Трамп мегӯяд, ки Ким Чен Ун шуҷоона "аввалин қадам"-ро барои ояндаи рӯшан ва нав барои мардумаш бардошт.

Доналд Трамп дар посух ба ин суол, ки дар бораи Ким Чен Ун чӣ ёд гирифтааст, гуфт, "ёд гирифтам, ки ӯ марди омода аст ва кишварашро бисёр бисёр дӯст медорад." Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки "дар замони муносиб" шояд ӯ ҳам ба Кореяи шимолӣ сафар кунад.

Кохи Сафед рӯзи душанбе эълом кард Доналд Трамп пас аз дидор бо Ким Чен Ун, бегоҳи сешанбе Сингапурро ба қасди Амрико тарк мекунад. Бино бар ин гузоришҳо, Ким Чен Ун низ қарор аст бегоҳи сешанбе Сингапурро тарк кунад.

​Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии президенти ИМА ва Ҷон Келли, раиси дафтари Кохи Сафед дар идомаи музокироти рӯзи сешанбе дар паҳлӯи Доналд Трамп ҳузур доштанд. ​

XS
SM
MD
LG