Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи сарони кишварҳои СНГ дар Душанбе баргузор мешавад


Ҷаласаи сарони кишварҳои узви Муштарак-ул-Манофеъ рӯзи 28 сентябр ва рӯзе аз он пеш - 27 сентябр дар Душанбе ҷаласаи вазирони умури хориҷии ин созмон баргузор мешавад. Маҳмадшариф Ҳақдод, намояндаи доимии Тоҷикистон дар созмони Муштарак-ул-Манофеъ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Минск гуфт, ки Тоҷикистон соли 2018 дар ин созмон раҳбари давраӣ аст, аз ин хотир ҳама ҷаласаҳо дар ин кишвар баргузор мешаванд. Вай гуфт, ки ҳоло масоили мавриди баҳс дар ин нишаст баррасӣ мешаванд. Нишасти охири сарони кишварҳои узви Муштарак-ул-Манофеъ 11 октябр дар шаҳри Сочи баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG