Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон садамаи қаторе рух дод


Дар ҷануби Қазоқистон рӯзи 17 июн қатораи мусофиркаши хатсайри "Остона-Алмаато" аз роҳи оҳан берун рафт ва дар натиҷа, ҳолати садамавӣ ба миён омад.

Ба иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, дар ин садама як наврас кушта ва се тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Хабар дода мешавад, ки ҳашт қатор ё вагон аз роҳи оҳан берун шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон, ронандаи қатора баъди мушоҳидаи ноҳамворӣ дар роҳи оҳан, маҷбур шуд қаторро ба таври фаврӣ манъ кунад. Ҳоло комисияи махсус сабабҳои сар задани ҳодисаро меомӯзад.

XS
SM
MD
LG