Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018: Олмон – Мексика - 0:1


Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018 дар Русия қаҳрамони феълии ҷаҳон – тими миллии Олмон - дар бозии аввали гурӯҳи F, ки имшаб, 17-уми июн, дар варзишгоҳи "Лужники"-и шаҳри Маскав баргузор шуд, аз мунтахаби Мексика бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Голи ягонаро дар ин бозӣ нимҳимоятгар Ирвинг Лосано дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 35-ум, ба самар расонд. Ҳуҷуми ҷавобии мексикоиҳо муваффақона анҷом ёфт. Тӯби аз Чичарито қабулнамударо Лосано моҳирона ба кунҷи дарвоза ворид кард. Дарвозабони мунтахаби Олмон Мануэл Нойер маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Мексика бо се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи F мақоми аввалро касб намудааст. Бозии дигари даври аввал дар ин гурӯҳ 18-уми июн миёни дастаҳои мунтахаби Шведсия ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Нижний Новгород барпо мегардад.

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018 дар Русия дастаи мунтахаби Сербия дар бозии аввали гурӯҳи Е, ки имрӯз, 17-уми июн, дар варзишгоҳи «Самара Арена»-и шаҳри Самара баргузор шуд, бар тими миллии Коста – Рика бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳимоятгар Александар Коларов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 56-ум, ба ҳадаф расонд. Ӯ бо зарбаи ҷаримавӣ тӯбро моҳирона аз болои “девори сунъӣ” ба бурҷи “нӯҳгона” ворид кард.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Сербия бо се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи Е мақоми аввалро касб намудааст. Бозии дигари даври аввали ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Швейтсария имшаб соати 23 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Ростов Арена”-и шаҳри Ростови соҳили Дон барпо мегардад.

Дар даври дувуми гурӯҳи Е мунтахаби Коста – Рика 22-юми июн дар шаҳри Санкт - Петербург бо мунтахаби Бразилия ва дар ин рӯз дар шаҳри Калининград тими миллии Сербия бо тими миллии Швейтсария рақобат мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG