Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз “таҳдиди терроризм” дар Русия ҳушдор дод


Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико ҳушдор додааст, ки эҳтимол террористон маконҳои баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018-ро дар Русия ҳадаф қарор диҳанд.

Ин вазорат ба таҳдиди мушаххас ишора накардааст. Аммо рӯзи 16-уми июн аз шаҳрвандони Амрико хост, ба хотири таҳдиди терроризм ва ҳамчунон озору тамаъҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди сафар ба он кишвар таҷдиди назар кунанд.

Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико омадааст, бо васфи тадобири густурда барои таъмини амнияти Ҷоми ҷаҳонии футбол, террористон мумкин аст талош кунанд, маконҳоеро ба мисли майдон, ҷои таҷаммӯи тарафдорони тимҳо, сайёҳон ва маркази нақлиётиро ҳадафи ҳамла қарор бидиҳанд.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз охирҳои соли гузашта ба ин тараф аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдид кардааст, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро халалдор хоҳад кард.

Мақомоти Русия гуфтаанд, чораҳои шадиди амниятӣ андешида шудааст ва даҳҳо ҳазор нирӯи амниятӣ дар Маскав ва шаҳрҳои дигари мизбони бозиҳо даст ба коранд.

Ин бозиҳо 14-уми июн оғоз шуд ва то 15-уми июл идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG