Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ бурд ва кӣ бохт? Натиҷаҳои рӯзи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол


​Дар рӯзи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия – 16-уми июн – чор бозӣ баргузор шуд, ки бо пирӯзии тимҳои мунтахаби Фаронса, Дания, Хорватия, мусовии Аргентинаву Исландия ва бохти Австралия, Перу ва Нигеря ба поён расид.

Рӯзи шанбе дар Ҷоми ҷаҳонии футбол–2018 дар Русия нахуст дастаи мунтахаби Фаронса дар бозии аввали гурӯҳи С, ки дар варзишгоҳи «Қазон Арена»-и шаҳри Қазон баргузор шуд, тими миллии Австралияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Дар нимаи дувуми бозӣ ҳарчанд аргентиниҳо барои голзанӣ имкониятҳои хуб доштанд, аз онҳо истифода карда натавонистанд. Бахусус заҳматҳои зиёди ситораи дурахшони футбол Лионел Месси барабас рафт.

Ҳисобро бозигари фаронсавиҳо Антуан Гризманн дар дақиқаи 58-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ боз намуд. Пеш аз ин гол барои аввалин бор дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз системи кӯмаки видеоӣ ба доварон (WAR) истифода карда шуд.

Баъди чор дақиқа австралиягиҳо ҳисобро баробар намуданд. Тӯбро Миле Единак аз ҷаримаи 11-метрӣ, ки барои дар ҷаримагоҳи худ бо даст бозӣ кардани Самюэл Юмтити таъйин гардид, ба ҳадаф расонд.

Голи дувуму ҳалкунандаро Пол Богба берун аз хатти ҷаримагоҳ ба дарвозаи мунтахаби Австралия зад. Гол аз рӯи системи автоматии муайян кардани гол ба ҳисоб гирифта шуд.

Дастаи мунтахаби Аргентина бозии аввали гурӯҳи D-ро, ки шоми 16-уми июн дар варзишгоҳи «Откритие Арена»-и Маскав ба поён расид, бо тими миллии Исландия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Бозии қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Аргентина бо дастаи мунтахаби Исландия, ки барои аввалин бор ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтааст, хеле пуршиддату ҷолиб сурат гирифт.

Бозигари аргентиниҳо Серхио Агуэро дар дақиқаи 19-ум ҳисобро кушод. Вале баъди чор дақиқа исландиҳо ҳисобро баробар карданд. Тӯбро Алвред Финнбогасон ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дувуми бозӣ ҳарчанд аргентиниҳо барои голзанӣ имкониятҳои хуб доштанд, аз онҳо истифода карда натавонистанд. Бахусус заҳматҳои зиёди ситораи дурахшони футбол Лионел Месси барабас рафт. Зимнан, ӯ дар дақиқаи 64-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонида натавонист. Тӯби задаи ӯро дарвозабони мунтахаби Исландия Ханнес Тур Хадлдоурссон баргардонд. Дарвоқеъ, Хадлдоурссон беҳтарин бозигари ин дидор эътироф шуд. Ҳамин тариқ, ин бозӣ ғайричашмдошт бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид.

Дар бозии севуми рӯзи шанбе дастаҳои мунтахаби Перу ва Дания дар варзишгоҳи «Мордовия Арена»-и шаҳри Саранск рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бо ғалабаи мунтахаби Дания бо ҳисоби 1:0 ба охир расид. Голи ягонаро Юссуф Поулсен дар дақиқаи 59-ум ба самар расонд.

Дар охири нимаи аввали бозӣ нимҳимоятгари тими Перу Кристиан Куэве тӯбро аз пеналтӣ, ки бо кӯмаки бозпахши видеоӣ таъйин шуд, ба ҳадаф расонида натавонист.

Бозии чоруми рӯзи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия миёни тимҳои миллии Хорватия ва Нигерия доир шуд. Мунтахаби Хорватия дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи D, ки дар варзишгоҳи «Калининград Арена»-и шаҳри Калининград барпо гардид, мунтахаби Нигерияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи С дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Дания бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб намудаанд. Тимҳои Австралия ва Перу бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Дар дақиқаи 31-ум тӯби аз кунҷи майдон задаи хорватиҳоро ҳимоятгари нигериҳо Огенекаро Этебо ба дарвозаи дастааш зад. Дар нимаи дувуми рақобат, дар дақиқаи 70-ум, бозигари Нигерия Уилям Трост-Эконг дар ҷаримагоҳи дастааш муқобили Марио Манҷукич қоидаи бозиро вайрон кард. Сардовар Сандро Рикки ҷаримаи 11-метрӣ таъйин намуд. Капитани дастаи мунтахаби Хорватия Лука Модрич аз пеналтӣ тӯбро ба тӯри дарвоза зада, ҳисобро афзун намуд – 2:0. Ҳамин тариқ, дар рӯзи севуми мусобиқот ин панҷумин пеналтӣ буд, ки дар сетоаш тӯб ба ҳадаф расид.

Зимнан, бори охирин хорватиҳо дар бозии аввалини худ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 20 сол пеш пирӯз шуда буданд. Соли 1998 онҳо мунтахаби Ямайкаро шикаст додаанд. Дар натиҷа мунтахаби Хорватия медалҳои биринҷиро ба даст оварда буд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи С дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Дания бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб намудаанд. Тимҳои Австралия ва Перу бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Дар даври дувуми гурӯҳи С 21-уми июн дар Екатеринбург Фаронса бо Перу ва дар Самара Дания бо Австралия рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи D мунтахаби Хорватия бо се имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои Аргентина ва Исландия бо якимтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд. Тими миллии Нигерия, ки имтиёз нагирифтааст, дар ҷойи чорум қарор дорад.

Дар даври дувуми гурӯҳи D 21-уми июн дар Нижний Новгород Аргентина бо Хорватия ва 22-юми июн дар Волгоград Нигерия бо Исландия бозӣ мекунанд.

Бозиҳои имрӯз, 17-уми июн:

Гурӯҳи Е. Коста-Рика – Сербия. Самара. Оғози бозӣ – соати 17:00.

Гурӯҳи F. ОлмонМексика. Маскав. "Лужники". Оғози бозӣ –соати 20:00.

Гурӯҳи Е. БразилияШвейтсария. Ростови соҳили Дон. Оғози бозӣ - соати 23:00.

32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 дар Русия

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай; гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон; гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания; гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия; гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия; гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ; гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия; гурӯҳи H: Полша, Сенегал, Колумбия, Ҷопон.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия

Бозии №9. 17 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Бразилия – Швейтсария

Бозии №10. 17 июн. 17.00. Самара. Коста-Рика – Сербия

Бозии №11. 17 июн. 20.00. Москва. "Лужники". Олмон – Мексика

Бозии №12. 18 июн. 17.00. Нижний Новгород. Шведсия – Корея

Бозии №13. 18 июн. 20.00. Сочи. Белгия – Панама

Бозии №14. 18 июн. 23.00. Волгоград. Тунис – Англия

Бозии №15. 19 июн. 20.00. Москва. "Спартак". Полша – Сенегал

Бозии №16. 19 июн. 17.00. Саранск. Колумбия – Ҷопон

Бозии №17. 19 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Русия – Миср

Бозии №18. 20 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Уругвай – Арабистони Саудӣ

Бозии №19. 20 июн. 17.00. Москва. "Лужники". Португалия – Марокаш

Бозии №20. 20 июн. 23.00. Қазон. Эрон – Испания

Бозии №21. 21 июн. 20.00. Екатеринбург. Фаронса – Перу

Бозии №22. 21 июн. 17.00. Самара. Дания – Австралия

Бозии №23. 21 июн. 23.00. Нижний Новгород. Аргентина – Хорватия

Бозии №24. 22 июн. 20.00. Волгоград. Нигерия – Исландия

Бозии №25. 22 июн. 17.00. Санкт-Петербург. Бразилия – Коста-Рика

Бозии №26. 22 июн. 23.00. Калининград. Сербия – Швейтсария

Бозии №27. 23 июн. 23.00. Сочи. Олмон – Шведсия

Бозии №28. 23 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Корея – Мексика

Бозии №29. 23 июн. 17.00. Москва. "Спартак". Белгия – Тунис

Бозии №30. 24 июн. 17.00. Нижний Новгород. Англия – Панама

Бозии №31. 24 июн. 23.00. Қазон. Полша – Колумбия

Бозии №32. 24 июн. 20.00. Екатеринбург. Ҷопон – Сенегал

Бозии №33. 25 июн. 19.00. Самара. Уругвай – Русия

Бозии №34. 25 июн. 19.00. Волгоград. Арабистони Саудӣ – Миср

Бозии №35. 25 июн. 23.00. Саранск. Эрон – Португалия

Бозии №36. 25 июн. 23.00. Калининград. Испания – Марокаш

Бозии №37. 26 июн. 19.00. Москва. "Лужники". Дания – Фаронса

Бозии №38. 26 июн. 19.00. Сочи. Австралия – Перу

Бозии №39. 26 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Нигерия – Аргентина

Бозии №40. 26 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Исландия – Хорватия

Бозии №41. 27 июн. 23.00. Москва. "Спартак". Сербия – Бразилия

Бозии №42. 27 июн. 23.00. Нижний Новгород. Швейтсария – Коста-Рика

Бозии №43. 27 июн. 19.00. Қазон. Корея – Олмон

Бозии №44. 27 июн. 19.00. Екатеринбург. Мексика – Шведсия

Бозии №45. 28 июн. 23.00. Калининград. Англия – Белгия

Бозии №46. 28 июн. 23.00. Саранск. Панама – Тунис

Бозии №47. 28 июн. 19.00. Волгоград. Ҷопон – Полша

Бозии №48. 28 июн. 19.00. Самара. Сенегал – Колумбия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG