Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018: Фаронса – Австралия - 2:1


Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 дар Русия дастаи мунтахаби Фаронса дар бозии аввали гурӯҳи С, ки имрӯз, 16-уми июн, дар варзишгоҳи «Қазон Арена»-и шаҳри Қазон баргузор шуд, тими миллии Австралияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ҳисобро дар ин бозӣ бозигари фаронсавиҳо Антуан Гризманн дар дақиқаи 58-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ боз кард. Пеш аз ин гол барои аввалин бор дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз системи кӯмаки видеоӣ ба доварон (ВАР) истифода карда шуд.

Баъди чор дақиқа австралиягиҳо ҳисобро баробар намуданд. Тӯбро Миле Единак аз ҷаримаи 11-метрӣ, ки барои дар ҷаримагоҳи худ бо даст бозӣ кардани Самюэл Юмтити таъйин гардид, ба ҳадаф расонд.

Голи дувуму ҳалкунандаро Пол Богба берун аз хатти ҷаримагоҳ ба дарвозаи мунтахаби Австралия зад. Гол аз рӯи системи автоматии муайян кардани он ба ҳисоб гирифта шуд.

Дар даври дувум мунтахаби Фаронса 21-уми июн дар Екатеринбург бо Перу, Австралия дар ин рӯз дар Самара бо Дания рақобат мекунанд.

Се бозии дигари имрӯз, 16-уми июн:

Гурӯҳи D. Аргентина — Исландия. Маскав. «Откритие Арена». Оғози бозӣ - соати 18:00.

Гурӯҳи С. Перу — Дания. Саранск. «Мордовия Арена». Оғози бозӣ - соати21:00.

Гурӯҳи D. Хорватия — Нигерия. Калининград. «Калининград Арена». Оғози бозӣ - соати 24:00.

Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG