Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Уругваю Эрон, мусовии Португалияву Испания ва шикасти Мисру Марокаш


Дар рӯзи дувуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия – 15-уми июн - се бозӣ доир шуд, ки бо пирӯзии тимҳои мунтахаби Уругваю Эрон, мусовии Португалияву Испания ва шикасти Мисру Марокаш ба поён расид.

Дар нахустин бозии рӯзи ҷумъа тимҳои мунтахаби Миср ва Уругвай вориди рақобат шуданд. Ин бозии ҷуфти дувум дар гурӯҳи А, ки дар варзишгоҳи «Екатеринбург Арена»-и шаҳри Екатеринбург доир шуд, бо ғалабаи уругваиҳо хотима ёфт. Голи ягонаро Хосе Мария Хименес дар охири бозӣ, дар дақиқаи 90-ум, бо зарбаи сар ба тӯри дарвозаи мисриҳо зад.

Ҳаводорони тими миллии Миср то садо додани ҳуштаки ниҳоии сардовари бозӣ интизори ба майдон баромадани ситораи футболи Миср Муҳаммад Салоҳ буданд. Вале дар миёни се бозигаре, ки сармураббии ин даста Эктор Купер дар ҷараёни сабқат ба майдон баровард, Салоҳ набуд.

Муҳаммад Салоҳ дар бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо, ки миёни бошгоҳҳои “Реал Мадрид”-и Испания ва “Ливерпул”-и Англия баргузор шуда буд, ҷароҳат бардошт. Дар натиҷаи як бархурди Салоҳ бо капитани дастаи “Реал Мадрид” Серхио Рамос китфи рости ин ҳамлагари мисрӣ ҷароҳат бардошта буд ва эҳтимол дошт, ки барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон ба Русия наравад. Вале то чанд рӯзи пеш аз оғози бозиҳо номи Салоҳ дар руйхати ниҳоии тими мунтахаби Миср пайдо шуд.

Ёдовар мешавем, 14-уми июн дар бозии аввали гурӯҳи А мунтахаби Русия тими Арабистони Саудиро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода буд. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввал дар гурӯҳи А дастаҳои Русия ва Уругвай сеимтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Русия мақоми аввал ва Уругвай мақоми дувумро касб кардаанд. Тимҳои Миср ва Арабистони Саудӣ имтиёз надоранд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Миср мақоми севум ва Арабистони Саудӣ мақоми чорумро ишғол кардаанд.

Дар даври дувуми гурӯҳи А 19-уми июн Русия бо Миср дар Санкт-Петербург ва 20-уми июн Уругвай бо Арабистони Саудӣ дар Ростови соҳили Дон бозӣ мекунанд.

Дар бозии даври аввали гурӯҳи В 15-уми июн тимҳои миллии Марокаш ва Эрон дар варзишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург рақобат карданд. Ин бозӣ низ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи эрониҳо ба анҷом расид.

Дар нимаи аввали дидор тӯб бештар дар ихтиёри марокашиҳо буд ва онҳо зуд-зуд ба дарвоза зарба мезаданд, вале лаҳзаи аз ҳама хотирмон дар дақиқаҳои охир рух дод, ҳамлагари эрониҳо Сардор Озмун бо дарвозабон як ба як баромада, тӯбро хато зад. Ғайричашмдошт голе, ки ҳамлагари тими Марокаш Азиз Бухаддуз дар дақиқаи 95-ум бо зарбаи сар ба дарвозаи дастааш зад, ба эрониҳо пирӯзӣ овард.

Бозии дигари даври аввали гурӯҳи В миёни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Испания, ки шаби 15-уми июн дар варзишгоҳи «Фишт»-и шаҳри Сочи доир шуд, бо ҳисоби мусовии 3:3 ба охир расид. Ин то ҳоло пурголтарин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия ба шумор меравад.

Ҳамлагари португалиҳо Криштиану Роналду дар ин бозӣ се гол зада, хет-трик кард. Ӯ дар дақиқаи 4-ум тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонда, ҳисобро боз намуд. Дар нимаи қисми якум ҳамлагари испаниҳо Диего Коста ҳисобро баробар кард. То танаффус Роналду голи дувумро ба самар расонд.

Дар оғози нимаи дувуми бозӣ Коста боз ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 58-ум ҳимоятгар Хосе Игнасио Начо тими Испанияро ба пеш баровард. Голи севуми португалиҳоро дар охири дидор Роналду бо зарбаи ҷаримавӣ ба дарвозаи испаниҳо ворид кард.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии даври аввал дар гурӯҳи В тими миллии Эрон бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Испания ва Португалия бо якимтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро касб намудаанд. Мунтахаби Марокаш бидуни имтиёз дар мақоми охирин қарор дорад.

Дар даври дувуми гурӯҳи В Эрон бо Испания дар Қазон, Марокаш бо Португалия дар Маскав рӯбарӯ мешаванд. Ҳарду бозӣ 20-уми июн доир мегардад.

Бозиҳои имрӯз, 16-уми июн:

Гурӯҳи С. Фаронса — Австралия. Қазон. «Қазон Арена». Оғози бозӣ - соати 15:00.

Гурӯҳи D. Аргентина — Исландия. Маскав. «Откритие Арена». Оғози бозӣ - соати 18:00.

Гурӯҳи С. Перу — Дания. Саранск. «Мордовия Арена». Оғози бозӣ - соати 21:00.

Гурӯҳи D. Хорватия — Нигерия. Калининград. «Калининград Арена». Оғози бозӣ - соати 24:00.

32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай; гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон; гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания; гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия; гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия; гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ; гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия; гурӯҳи H: Полша, Сенегал, Колумбия, Ҷопон.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2018

Бозии №5. 16 июн. 15.00. Қазон. Фаронса – Австралия

Бозии №6. 16 июн. 21.00. Саранск. Перу – Дания

Бозии №7. 16 июн. 18.00. Москва. "Спартак". Аргентина – Исландия

Бозии №8. 16 июн. 24.00. Калининград. Хорватия – Нигерия

Бозии №9. 17 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Бразилия – Швейтсария

Бозии №10. 17 июн. 17.00. Самара. Коста-Рика – Сербия

Бозии №11. 17 июн. 20.00. Москва. "Лужники". Олмон – Мексика

Бозии №12. 18 июн. 17.00. Нижний Новгород. Шведсия – Корея

Бозии №13. 18 июн. 20.00. Сочи. Белгия – Панама

Бозии №14. 18 июн. 23.00. Волгоград. Тунис – Англия

Бозии №15. 19 июн. 20.00. Москва. "Спартак". Полша – Сенегал

Бозии №16. 19 июн. 17.00. Саранск. Колумбия – Ҷопон

Бозии №17. 19 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Русия – Миср

Бозии №18. 20 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Уругвай – Арабистони Саудӣ

Бозии №19. 20 июн. 17.00. Москва. "Лужники". Португалия – Марокаш

Бозии №20. 20 июн. 23.00. Қазон. Эрон – Испания

Бозии №21. 21 июн. 20.00. Екатеринбург. Фаронса – Перу

Бозии №22. 21 июн. 17.00. Самара. Дания – Австралия

Бозии №23. 21 июн. 23.00. Нижний Новгород. Аргентина – Хорватия

Бозии №24. 22 июн. 20.00. Волгоград. Нигерия – Исландия

Бозии №25. 22 июн. 17.00. Санкт-Петербург. Бразилия – Коста-Рика

Бозии №26. 22 июн. 23.00. Калининград. Сербия – Швейтсария

Бозии №27. 23 июн. 23.00. Сочи. Олмон – Шведсия

Бозии №28. 23 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Корея – Мексика

Бозии №29. 23 июн. 17.00. Москва. "Спартак". Белгия – Тунис

Бозии №30. 24 июн. 17.00. Нижний Новгород. Англия – Панама

Бозии №31. 24 июн. 23.00. Қазон. Полша – Колумбия

Бозии №32. 24 июн. 20.00. Екатеринбург. Ҷопон – Сенегал

Бозии №33. 25 июн. 19.00. Самара. Уругвай – Русия

Бозии №34. 25 июн. 19.00. Волгоград. Арабистони Саудӣ – Миср

Бозии №35. 25 июн. 23.00. Саранск. Эрон – Португалия

Бозии №36. 25 июн. 23.00. Калининград. Испания – Марокаш

Бозии №37. 26 июн. 19.00. Москва. "Лужники". Дания – Фаронса

Бозии №38. 26 июн. 19.00. Сочи. Австралия – Перу

Бозии №39. 26 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Нигерия – Аргентина

Бозии №40. 26 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Исландия – Хорватия

Бозии №41. 27 июн. 23.00. Москва. "Спартак". Сербия – Бразилия

Бозии №42. 27 июн. 23.00. Нижний Новгород. Швейтсария – Коста-Рика

Бозии №43. 27 июн. 19.00. Қазон. Корея – Олмон

Бозии №44. 27 июн. 19.00. Екатеринбург. Мексика – Шведсия

Бозии №45. 28 июн. 23.00. Калининград. Англия – Белгия

Бозии №46. 28 июн. 23.00. Саранск. Панама – Тунис

Бозии №47. 28 июн. 19.00. Волгоград. Ҷопон – Полша

Бозии №48. 28 июн. 19.00. Самара. Сенегал – Колумбия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG