Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Салоҳ бозиро дар ҳайати эҳтиётӣ шурӯъ мекунад


Муҳаммад Салоҳ Ғалӣ, футболбози мисрӣ дар бозӣ миёни дастаҳои Миср ва Уругвай дар доираи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар ҳайати эҳтиётӣ ба майдон мебарояд. Бозӣ соати 17:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад ва ним соат пеш аз оғози бозӣ маълум шуд, ки ин ситораи футболи ҷаҳонӣ ва ҳамлагари дастаи “Ливерпул”-и Англия дар ҳайати эҳтиётӣ ба майдон мебарояд.

Муҳаммад Салоҳ дар бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо, ки миёни бошгоҳҳои “Реал Мадрид”-и Испания ва “Ливерпул”-и Англия баргузор шуда буд, ҷароҳат бардошт. Дар натиҷаи як бархурди Салоҳ бо капитани дастаи “Реал Мадрид” Серхио Рамос китфи рости ин ҳамлагари мисрӣ ҷароҳат бардошта буд ва эҳтимол дошт, ки барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон ба Русия наравад. Вале то чанд рӯзи пеш аз оғози бозиҳо номи Салоҳ дар руйхати ниҳоии тими мунтахаби Миср баромад.

Мунтахаби Мирс бо чунин ҳайат бозӣ хоҳад кард:

Аш-Шенавӣ, Габр, Ҳегазӣ, Фатҳӣ, Абдулшафӣ, Ҳамед, Ал-нини, Абдулло Саид, Трезеге, Марван Муҳсин, Варда.

Тими милии Уругвай бо ситораҳои дурахшонаш, Суарес ва Кавани бозиро шурӯъ мекунад.

Ҳайати асосии ин даста чунин аст: Муслера, Хименес, Годин, Варела, Касерес, Бантанкур, Нандес, Весино, Суарес, Арраскуаэта, Кавани.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри Екатеренбурги Русия доир мешавад.

XS
SM
MD
LG