Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонӣ оғоз шуд


Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия оғоз шуд. Владимир Путин зимни суханронӣ дар оғози сабқати тими мунтахаби Русия ва Арабистони Саъудӣ ба ҳамаи 32 дастаи мунтахаби ширкатдори мусобиқот муваффақият тамано кард.

Ӯ гуфт, баргузории Ҷоми Ҷаҳон барои ҳифзи сулҳ дар ҷаҳон хидмат мекунад.

Президенти ФИФА Ҷани Инфантинно гуфт, дар моҳи наздик футбол қалби Русия ва баъдан кулли ҷаҳонро тасхир мекунад.

Баъд аз суханронии шахсони расмӣ нахустин бозии Ҷоми Ҷаҳон шуруъ шуд.

Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар 11 шаҳрҳои Русия баргузор шуда 15-уми июл анҷом меёбад. Ин сабқат бори аввал дар Русия баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG