Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ширкат дар расми кушоиши бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ва ҳам тамошоби бозии Русия ва Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргашт. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президент “бо шавқ” бозии пурҷӯши нахустин дар чаҳорчӯби Ҷоми ҷаҳониро, ки бо ҳисоби 5 бар сифр ба фоидаи Русия анҷомид, тамошо карду шабонгоҳ ба Тоҷикистон баргашт. Дар ин сафар президентро раиси Кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш Адҳам Абдуллозода ҳамроҳӣ мекард.
Вай гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва аксар дигар меҳмонҳои Ҷоми ҷаҳонии президент Путин барои мунтахаби Русия тарафдорӣ карданд. “Танҳо валиаҳди Саудӣ Муҳаммад Бин Салмон барои мунтахаби кишвараш тарафдорӣ мекард, вале ӯ ҳам дар охир ноумед ва ғамгин рафт”, гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Бозии нахустинро дар варзишгоҳи Лужникии Маскав инчунин президентони Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Беларус ва дигарҳо тамошо карданд, ки дар маҷмӯъ аз тахминан 20 кишвари шарики Русия намояндагӣ карданд.