Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи қирғиз дар Маскав гуфтааст, ҳадафаш пахши одамон набуд. ВИДЕО


Як шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми рондани “таксӣ” ба тарафи издиҳоми мардум дар шаҳри Маскав боздошт шудааст. Анарбек-уулу Чингизи 28-сола дар бозпурсиҳои ибтидоӣ гуфтааст, ки ҳадафаш пахш кардани одамон набуд, балки идораи мошинро аз даст дод.

Сергей Собянин, мири шаҳри Маскав, низ дар Твиттер навишт, ки ин як ҳодисаи тасодуфист. Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод, ки қазияро пайгирӣ дорад. Ба иттилои онҳо, Анарбек-уулу Чингиз дар яке аз идораҳои пулиси Маскав баёнот медиҳад.

Ҳодиса рӯзи 16-уми июн дар кӯчаи Илинки шаҳри Маскав рух дод ва бар асари он 8 нафар, аз ҷумла сайёҳони мексикоӣ, ки барои тамошои Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Русия рафтаанд, осеб диданд.

Дар Маскав ронандаи муҳоҷир таксиашро болои мардум равона кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Як шоҳиди ҳодиса ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ронандаи таксӣ хост, аз ҷойи ҳодиса фирор кунад, аммо зуд боздошт шуд.

Пас аз силсилаи ҳамлаҳо ба ҷойҳои серодам бо мошин дар баъзе кишварҳои аврупоӣ, мақомоти Русия дар майдонҳои пуриздиҳом монеаҳои бетонӣ гузоштаанд. Русия ин шабу рӯз мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст. Ин бозиҳо 14-уми июн сар шуда, то 15-уми июл дар 11 шаҳри Русия идома хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG