Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Музаффар Пирназаров, сокини шаҳри Душанберо бо ҷурми қатли бобову бибиаш ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Куштори Раҳмат Пирназарови 86-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 77-сола, хусуру хушдомани Фурқати Саид, овозхони шинохта ва раҳбари гуруҳи "Шашмақом" моҳи сентябри соли 2016 дар Душанбе рух дода буд.
Вақте мепурсад, ки чӣ ҳодиса шуд, Музаффар ба нолаву зории ӯ аҳамият надода, бо бераҳмии махсус 27 дафъа ба бадани бобояш корд задааст.
Бино ба як хабарномаи додгоҳ, ки рӯзи 16-уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд, Пирназаров бобову бибиашро барои ҳамагӣ 2004 сомонӣ куштааст. Додгоҳ мегӯяд, Музаффар Пирназаров муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳад кард.
Барои мо санаи дақиқи содир шудани ҳукми додгоҳ маълум нест. Инчунин, рӯшан нест, ки мурофиаи додгоҳии қатли бобову бибӣ аз тарафи набера дар чӣ шакл сурат гирифта, Музаффар Пирназаров дар рӯ ба рӯи хешовандон ва додрас ҳодисаро чӣ гуна шарҳ додааст.
Як мусоҳиби мо дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 16-уми июн гуфт, Музаффар Пирназаров бо ҳадафи дуздӣ вориди хонаи бобову бибиаш шуда, аввал ба бадани Зебуннисо Пирназарова 32 бор корд задааст.
"Бобояш маъюб ва бистарӣ будааст. Вақте мепурсад, ки чӣ ҳодиса шуд, Музаффар ба нолаву зории ӯ аҳамият надода, бо бераҳмии махсус 27 дафъа ба бадани бобояш корд задааст. Дар натиҷа Раҳмат Пирназаров ва Зебуннисо Пирназарова дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Асомиддин Бобохонзода, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар як матлаб дар нашрияи расмии Вазорати корҳои дохилӣ низ гуфтааст, Пирназаров баъди қатли бобову бибӣ аз гӯшу ангуштони бибиаш як ҷуфт гӯшвор ва се ангуштарии тиллоро гирифтааст, ки қимати ҳамаи онҳо ба 2004 сомонӣ баробар аст.
Қаблан Фурқати Саид дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, хусуру хушдоманашро дақиқан барои пулу мол куштаанд. Чун, ба қавли ӯ, баъди онки ба ҷойи ҳодиса расиданд, тамоми ҷиҳози хона тагурӯ шуда буд.
Музаффар Пирназаров дар гузашта низ бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тайи ду соли охир аз чанд мавриди куштор аз тарафи наздикон хабар додааст. Як корманди Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, қаблан агар дар як сол як ё ду чунин ҳодисаро таҳқиқ мекарданд, ҳоло аз 10 то 20 куштори хешутабориро сабт мекунанд.
Ин муфаттиш бидуни бурдани номаш гуфт, аз таҳлилҳо медонад, ки аксаран ҳодисаҳои куштори хешутаборӣ омилҳои моливу иҷтимоӣ доранд ваё дар пайи муноқишаҳои хонаводагӣ сар мезананд. "Аз як сӯ мардум бештар асабонӣ ва нороҳатанд. Аз тарафи дигар, фарзандони ҷавону бетаҷриба, хунгарму эҳтиёҷманд ба пулу шароити беҳтар волидон ва пайвандони дигари худро муқассири мушкилоти худ меноманд", - хулоса кард ӯ.