Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алихон Икромӣ ҳақиқати марги сарбозро боз кард. САДО


Нашриёти “Ирфон” китоби Алихон Икромӣ, коршиноси судӣ-тиббиро бо номи “Чанголи аҷал” нашр кардааст, ки паҳлӯҳои норӯшани бархе ҳодисаҳои нохуш ё кушторҳои пурсарусадо, марги ногаҳонӣ дар артиш, қатли хешовандон, оқибати мастӣ ва бархе ҳодисаҳои дигари пурсарусадои солҳои охирро рӯи чоп овардааст.

Яке аз қиссаҳое, ки Алихон Икромӣ аз таҷрибаи кори судиву тиббиаш навиштааст, такондиҳанда аст. Матбуот ҳам дар бораи марги сарбози панҷрӯза Бахтиёр Қурбонмамадов дар яке аз қисмҳои ҳарбии водии Рашт гузориш дода буд. Алихон Икромӣ, ки аз лаҳзаҳои нахустин дар

Дар ин китобҳои мо ҳодисаҳои рост дарҷ гардидааст ва ягонтои он дуруғ нест. Мақсад аз нашри чунин китоб бештар мардум донанд, ки чунин соҳаи тиб вуҷуд дорад

таҳқиқи ин парванда ширкат доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин яке аз пуровозатарин ҳодисаҳои соли 2016 буд ва ӯ ба хотири рафъи овозаҳо бо далелҳои воқеӣ ин китобро ба хонандагон пешниҳод кардааст.

Ӯ менависад, Бахтиёр Қурбонмамадов моҳи апрели соли 2016 аз шаҳри Кӯлоб ба водии Рашт барои хизмат рафт. Ин сарбоз, ба гуфтаи муаллиф, талош дошт аз оғоз мувофиқ ба оинномаву талаботи артиш амал кунад, аз рӯи имконият бо модар ҳам телефонӣ дар тамос буд. Тамоси охирини онҳо шоми 18 апрели соли 2016 буд. Баъди занги кӯтоҳи писар ва садои фарёди афсаре сӯҳбат қатъ шуд.

Муаррифии "Чанголи аҷал"-и Алихон Икромӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Истифодаи телефон сабаби латукӯби сарбоз шуд

Баъдан нафаре занг зада аз модар дархост кард, ки ба касе дар бораи ин сӯҳбат лаб накушояд. Эҳтимолан сарбози соҳиби телефон метарсид, ки аз ҷониби афсарон сарзаниш мешавад. “Пагоҳӣ намояндагони комиссариати ҳарбӣ ва ҳукумати маҳаллӣ ба маҳалла омада, аз марги ногаҳонии Бахтиёр хабар доданд. Хабар басо даҳшатнок ва ногаҳонӣ буд. Модар ва фарзандонаш ғирев бардоштанд ва наздикон онҳоро наметавонистанд ором созанд. Мардуми маҳалла ҷамъ шуда, интизори овардани тобути ҷавони ғурамарг буданд.

Алихон Икромӣ
Алихон Икромӣ

Баробари овардани тобут фиғони атрофиён ба само бархост. Ҳамроҳ кормандони ҳукумат ва комиссариати ҳарбии шаҳр намояндагони қисми низомӣ низ ба маҳалла омада буданд. Табиист, ки наздикони сарбози фавтида сабаби онро пурсиданд. Ба онҳо шаҳодатномаи вафот пешниҳод шуд, ки аз тарафи коршиноси ҳарбӣ тартиб дода шуда буд. Дар он ташхиси пешакӣ ҷумлаи "нотавонии шадиди фаъолияти қабули хунрагҳо" қайд шуда буд.

Муаллифи китоб мегӯяд, хонаводаи Қурбонов исрор мекард, ки писарашон аз зери латукуб фавтидааст ва дар саҳни ҳавлӣ атрофи ҷасадро бо матоъ печонида, дар ҳузури бародарон ва хешони маҳрум муоина намудам. Алихон Икромӣ менависад: “Як харошаки қуҳна дар соқи пойи чап, як хароши нав дар қитъаи шонаи рост дида шуд, ки то қитъаи байни шонаҳо давом дошт. Дар қитъаи дарунии сеяки болои бадани дасти чап пӯст ба андозаи 3Х2см бурида гирифта шуда буд. Яқин буд, ки дар онҷо осеб ошкор шуда буд. Ин ҳолатро ба атрофиён фаҳмонидам, вале қабул намекарданд”.

14 соли зиндон баъди муҳокимаҳои судӣ

Наздикони сарбоз, ки як ташхис дарак доштанд, он замон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфта буданд, ки фарзанди онҳо на аз дарди қалб, балки дар паи латукуб фавтидааст. Аммо Алихон Икромӣ мегӯяд, баъди ташхис маълум шуд, ки сарбоз осеби пушидаи қафаси сина, хунрезӣ дар бофтаҳои нарми сатҳи пеши қафаси сина ва монанди инро дошт.

Ӯ мегӯяд, ки баъди санҷишҳо сарбозон иқрор шуданд, ки сарбозро сержант Саидмурод Табуров як мушт задааст. Ҳамин зарба кофӣ буд, ки сарбоз ҷон дод. Июли соли 2016 аз рӯи қазияи куштори Бахтиёр Қурбонмамадов лейтенанти калон Акмалшои Талабшо ва капитан Амза Ҷонов 2-солӣ ва сержант Сайидумрон Табуров 14 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

11 қурбонии шиканҷа дар артиш дар се соли гузашта

Дар таҷрибаи низоми адлияи Тоҷикистон на ҳама қазияҳои марбут ба марги сарбозон дар артиш мӯшикофона таҳқиқ мешаванд ва суолҳои зиёдро дар робита бо маргифоҷеабори фарзандон дар дили наздиконашон мегузоранд. Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, ки дар давоми се соли охир дар артиши Тоҷикистон 11 нафар ва бар асари шиканҷаву бадрафторӣ ба ҳалокат расидаанд.

Алихон Икромӣ нашри тафсилоти қиссаҳои мармуз ва фоҷеаборро, ки худ дар таҷрибаи чандинсолаи кораш таҳқиқ кардааст, хеле муҳим мешуморад. Вай мегӯяд, бисёр ҷузъиёти муҳим берун аз таваҷҷӯҳи матбуот ва ҷомеа мемонад, дар ҳоле, ки бисёриҳо мехоҳанд бидонанд, ки асли воқеа чӣ буд. Аз сӯи дигар, гуфт ӯ, ин саҳме дар рушди адабиёти криминалистии Тоҷикистон аст, ки то кунун таҷрибаи бозгӯи қиссаҳои доғу воқеии ҷиноятҳои мармузро надорад.

Вай гуфт, ҳарчанд дар адабиёти ҷаҳонӣ ин жанр панҳочу шаст соли пеш роиҷ буд, ба забони тоҷикӣ пайдо кардани чунин мавод сахт аст: "Мо ин корро сар кардем, бо мақсаде, ки омма онро дарк кунад. Дар ин китобҳои мо ҳодисаҳои рост дарҷ гардидааст ва ягонтои он дуруғ нест. Мақсад аз нашри чунин китоб бештар мардум донанд, ки чунин соҳаи тиб вуҷуд дорад”.

Нақши мутахассиси судию тиббӣ пушти саҳна мемонад

Муаллиф мегӯяд, дар матбуот танҳо номи муфаттишу додситон гирифта мешавад, вале исми муаллифони тафтишоти муҳими тиббии коршиносӣ пинҳон мемонад. “Мухлисоне ҳастанд, ки баъди хондани китоб мегӯянд, ки онҳо нав дарк карданд, ки нақши судӣ-тиббӣ дар кушодани ҷиноят бисёр назаррас будааст. Аз тарафи дигар ҳаст ҳолате, ки ба мисли таҷовузи ноболиғ аз сӯи падар ва бобо хешу таборонашон вокуниш мекунанд ва норозӣ мешаванд, аммо то ҳол касе аз наздикони қиссаҳои ман вокуниш ва норозигӣ накардаанд, баръакс онҳо хуб қабул кардаанд. Ҳамин хоновадаи Батиёр Қурбонмадов низ баъдан бовар карданд, ки дар кушодани ҷиноят нақши судӣ-тиббӣ калон будааст."

Зимнан, муаллифи китоб мегӯяд, ки ӯ аз гузоришҳои Радиои Озодӣ дар бораи маргӣ Бахтиёр Қурбонмадов зиёд истифода кардааст. Ин 9-умин китоби Алихон Икромӣ, коршиноси собиқадори судӣ-тиббӣ аст, ки бо теъдоди 300 нусха нашр шудааст. Ҳарчанд доираи истифода ё хонандаи ин китоб маҳдуд аст, ӯ умедвор аст, ки рӯзе метавонад шакли электронии китобашро барои мутолеаи доираи васеаи хонандагон нашр кунад.

XS
SM
MD
LG