Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар ҷустуҷӯи ду сокини "хатарнок"-и Хатлон. ВИДЕО


Амриддин Салоҳиддинов ва Саидхӯҷа Исмоилов

Пулиси Русия ду сокини вилояти Хатлонро дар қатли ҳамдеҳаи худ муттаҳам карда, дар қатори афроди "хатарнок" қарор додааст. Амриддин Салоҳиддинови 35-сола ва Саидхӯҷа Исмоилови 28-сола дар занозании маргбори 14-уми апрел дар шаҳри Екатеринбург муттаҳаманд.

Соли гузашта аз Русия ба вилояти Хатлон 271 тобут овардаанд.

Дар ин занозании бист рӯзи пеш Сайёд Сафархоҷаев, сокини ноҳияи Кӯшониён, кушта шуда, бародараш Дилшод Сафархоҷаев захмӣ гардид. Фарзияи ибтидоии тафтишот ин аст, ки муноқиша миёни ҳамдеҳаҳо бар сари 15 ҳазор рубли қарз сар задааст.

Дар Раёсати умури дохилии шаҳри Екатеринбург рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки акси ду сокини Хатлонро дар кӯчаву хиёбонҳо насб карда, барои пайдо намуданашон аз мардум ёрӣ хостаанд.

Сайёд Сафархоҷаевро рӯзи 17-уми апрели имсол дар зодгоҳаш дафн карданд
Сайёд Сафархоҷаевро рӯзи 17-уми апрели имсол дар зодгоҳаш дафн карданд

Аммо наздикон мегӯянд, Амриддин Салоҳиддинов, яке аз гумонбарон аз рӯзи ҳодиса бенишон аст ва дар Тоҷикистон ҳам касе намедонад, ки ӯ дар куҷост. Ба иттилои пайвандони Сайёд Сафархоҷаев, Амриддин Салоҳиддинов аз ҳамсояҳои онҳо дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён буда, гумонбари дувум Саидхӯҷа Исмоилов сокини ҷамоати "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Падари Сайёд: Қотилони писарамро боздошт ва муҷозот кунанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:28 0:00

Дар ҳоле ки пулис мегӯяд, феълан ду нафарро аз рӯи ҳодисаи куштор ҷустуҷӯ дорад, бархе шоҳидони эҳтимолӣ ба бештар будани шумори иштирокдорони ин моҷарои хунин таъкид мекунанд. Аз ҷумла, Алиакбар Идиев, муҳоҷири тоҷик дар Екатеринбург ва шоҳиди ҳодиса гуфт, “дар ин занозанӣ 9 нафар иштирок кардаанд. Аксҳо ва рақами мошинашон ҳаст. Ба пулис хабар додем”.

Исматулло Саидхоҷаев
Исматулло Саидхоҷаев

Хонаводаи ду нафари гумонбар то ба ҳол дар бораи ин қазия изҳори назар накардаанд. Аммо Исматулло Саидхоҷаев, падари Сайёд Саидхоҷаев гуфт, ки умед дорад дар ниҳоят қазияи қатли писараш одилона баррасӣ ва омилони ин куштор ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "талаб дорем, ки муттаҳамон тибқи қонун ҷазо гиранд. Ҳоло дар Русия онҳоро ҷустуҷӯ доранд. Мақомот тибқи қонун ҷазо диҳанд."

​Ба гуфтаи наздикон, Сайёд Саидхоҷаев, ки солҳои охир дар Екатеринбурги Русия зиндагӣ ва дар як хадамоти шустушӯи мошинҳо кор мекард, дар Тоҷикистон ҳамсари тоҷик дошт ва бе фарзанд буд. Вале дар Русия ҳамсари русаш таваллуди фарзанди дувумро интизор аст. Хонавода мегӯяд, ки ҳамсари руси Сайёд ҳам бо пулис дар тамос аст ва талош дорад, ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Ҷасади Сайёд рӯзи 16-уми апрел ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва рӯзи 17-уми апрел дафн карда шуд.

Дар Русия, ки солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор мераванд, ҳалокати муҳоҷирон зиёд сабт мешавад. Соли гузашта аз Русия ба вилояти Хатлон 271 тобути муҳоҷир оварда шудааст. Аксари онҳо дар садамаҳои нақлиётӣ, дар задухӯрдҳои гурӯҳӣ ва дигар ҳодисаҳо ба ҳалокат расидаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG