Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо гузашти ду даҳсола аз ҷанги дохилии Тоҷикистон, имрӯз ҳам омилони бархе ҷиноятҳои мудҳиши он солҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Сохторҳои ҳифзи қонун дар минтақаи Рашт ахиран чор тан аз аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноиро боздошт кардаанд, ки дар қатли як сокини ин ноҳия дар Маскав дар соли 2000-ум мутаҳҳам дониста мешаванд.

Ҳамчунин чор тани дигар аз аъзои ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доранд. Ин афрод дар куштори Неъмон Замонов, сокини деҳаи Қалъанаки ноҳияи Рашт мутаҳҳам дониста мешаванд. Додситонӣ нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда таҳқиқ идома дорад.

Қатл дар рӯзи аввали сафар ба Маскав

Ба нақли наздикони Неъмон Замонов, моҳи сентябри соли 2000 дар

Дар ҳоле, ки аз ҳодисаи қатли Неъмон Замонов муддати зиёд гузаштааст, ин қазия суолҳои зиёде эҷод мекунад: машғулияти марди кушташуда чӣ буд, чаро ба таври ногаҳониву ваҳшиёна ва аз ҷониби ҳамдеҳагонаш кушта шуд? чаро қотилон гузоштанд, ки шоҳидони ин ҳодиса ҷиноятро то ин солҳо ҳифз кунанд? ва ғайра.

синни 36-солагӣ кушта шуд. Сентябри он сол, ба гуфтаи бародаронаш, Неъмонҷон бо ҳадафи кор дар Маскав қарор дошт, вале дар паи моҷаро бо ҳамдеҳагонаш дар деҳаи Абрамсовои ноҳияи Балашихаи шаҳри Маскави Русия ваҳшиёна ба қатл расид.

Усмон Замонов, бародари 54-солаи Неъмон Замонов дар ин рӯз ҳамроҳи ӯ буд ва бо чашми сар шоҳиди саҳнаи қатли бародараш шуд.

Усмон Замонов рӯзи 8 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ қисса кард, ки “Неъмон тоза ба шаҳри Маскав омада буд ва мехост пул кор кунаду дар шаҳри Душанбе хона бихарад. Аммо гурӯҳи ҳамдеҳагонаш, ки иборат аз 8 нафар буданд, ҳамон рӯз ба ҳуҷраи иҷораи тоҷикон, ки ҳудуди 30 нафар буданд, даромада Неъмонро ба утоқи дигар бурда ва аз соати 18.00 шом то соати 1-и шаб бо калтаку оҳан ваҳшиёна заданд. Дар натиҷа ӯ ба қатл расид”.

Усмон мегӯяд, доду фиғони бародарашро мешунид, аммо чорае надошт, чун дар ҳолати шок афтода буд ва қотилон ӯро намегузоштанд ба назди Неъмон равад. Кор ба ҷое расид, ки қотилон ҷасади Неъмонро ба бародараш надода ва бурда ӯро дар ҷангале гуронданд. Имрӯз ҳам макони дафни Неъмонҷон ҳамон ҷангали русӣ будааст.

Фош кардани исми қотилон баъди... 18 сол

Усмон Замонов мегӯяд, танҳо бо гузашти 18 сол тавонист дар бораи ин куштори ваҳшиёна лаб во кунад ва мақомоти амниятии Рашт низ қотилонро пайдо кунанд. Сабаби дар ин муддат ифшо нашудани кушторро Усмон Замонов ба таҳдидҳои мукарараи қотилон рабт медиҳад, ки гуфта буданд, ки “агар ба касе, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора хабар диҳӣ, туро ҳам зинда ба зинда ба қатл мерасонем”.

Вай мегӯяд: “Онҳо (қотилони Неъмон) муҷоҳид буданд ва ҳама аз онҳо метарсид. Маро низ сахт тарсонданд ва гуфтанд, ки дар ҳеҷ куҷо бояд гап назанам. Пас аз он ҳодисаи куштор 6 моҳ дар ҳолати шок гаштам ва баъдан кушиш мекардам то бо ин гурӯҳ рӯ ба рӯ нашавам”.

Усмон Замонов муътақид аст, ки дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон қотилони бародараш аъзои гурӯҳҳои силоҳбадаст буданд ва бо ҳамин сабаб озодона даст ба ҷиноят мезаданд.

Бо ин ки созишномаи сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифон соли 1997 ба имзо расид, то солҳои 2000-ум дар кӯҳистони Рашт бархе гурӯҳҳои саркаши мусаллаҳ амал мекарданд

Яке аз камтарин аксҳои Неъмон Замонов, ки дар бойгонии хонаи падар мондааст
Яке аз камтарин аксҳои Неъмон Замонов, ки дар бойгонии хонаи падар мондааст

Ба иттилои додситонии минтақаи Рашт ҳоло чор гумонбари қатли Неъмон Замонов - Асадулло ва Ибодулло Ширинҷоновҳо, Миралӣ Шоҳмамаҳмадов ва Худойдод Тоҳиров, ки ҳама сокинони деҳаи Қалъанаки ҷамоати Қалъанаки ноҳияи Рашт ва ҳамдеҳагони Неъмон Замонов ҳастанд, боздошт шудаанд. Чор гумонбари дигар дар кофкукоби ҷиноӣ қарор доранд. Гуфта мешавад ба эҳтимоли зиёд ин чор нафар дар қаламрави Русия паноҳ бурдаанд.

Додситонӣ: Куштор гурӯҳи анҷом шудааст

Додситонии минтақаи Рашт нисбати ҳодисаи 18 соли пеш содиршуда бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “куштор” парванда боз шуда ва тафтиши аъмоли ин гурӯҳ ҷараён дорад.

Мавқеи худи боздоштшудаҳо ба ин иттиҳом маълум нест.

Вале як масъулони додситонии Ғарм, ки нахост исмаш нашр шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи пешакии ин қазия собит кардааст, ки куштори Неъмон Замонов дар соли 2000 ба таври гурӯҳӣ сурат гирифта ва эҳтимол дорад, қотилон боз дар содир кардани ҷиноятҳои дигар ҳам даст доштаанд. Ин манбаъ гуфт, ки гумонбарон инчунин бо гумони содир кардани дигар ҷиноятҳо ҳам мавриди пурсиш қарор мегиранд.

Бо ин ҳам пайвандони Неъмон Замонов умедворанд, ки куштори ваҳшиёнаи бародарашон аз ҷониби гурӯҳи ҷиноии муташшакил дар доираи қонун санҷида шуда ва омилони он ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

Неъмон авбошӣ мекард?

Сунатулло Ширинҷонов, сокини деҳаи Қалъанаки ноҳияи Ғарм, ки ҳамакнун ду тан аз бародаронаш бо иттиҳоми куштори Неъмон Замонов дар боздошт ҳастанд, мегӯяд, ҳеҷ бовар надорад, ки бародараонаш Асадулло ва Ибодулло ин корро карда бошанд: “Не, бовар надорам, ки онҳо ин корро карда бошанд. Дуруст аст, ки онҳо дар он рӯз дар объекти корӣ буданд, аммо дар ин куштор дахолат надоранд. Ба гуфтаи бародаронам, миёни Неъмон ва бачаҳои тоҷик гап гурехта ва ҷанҷол сар задааст”.

Сунатулло Ширинҷонов мегӯяд, он замон худи ӯ дар як гушаи дигари шаҳри Маскав кор мекард ва он давра шунида буд, ки Неъмон рафторҳои “авбошона” мекардааст. Ин аст, ки Сунатулло мегӯяд, шояд ҳамин сабаб шудааст, ки кор бо куштори Неъмон анҷомидааст. Айни замон, хешовандони Неъмон мегӯянд, ӯ авбош набуд, балки як муҳоҷири корӣ буд.

Бо ин ки созишномаи сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифон соли 1997 ба имзо расид, то солҳои 2000-ум дар кӯҳистони Рашт бархе гурӯҳҳои саркаши мусаллаҳ амал мекарданд
Бо ин ки созишномаи сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифон соли 1997 ба имзо расид, то солҳои 2000-ум дар кӯҳистони Рашт бархе гурӯҳҳои саркаши мусаллаҳ амал мекарданд

Дар ҳамин ҳол Луқмонхоҷа Ғуломов, як сокини дигари деҳаи Қалъанаки ноҳияи Ғарм, ки дар 18 соли пеш шоҳиди дигари ҳодисаи куштори Неъмон Замонов буда ва баъдан дар маросими гӯр кардани ҷасадаш иштирок кардааст, мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд қотилон аз бухлу ҳасад ин ҷавонро куштанд. Чун ба таъкиди Луқмонхоҷа, Неъмон таҳамтан буд ва ба варзиш машғул мешуд.

Луқмонхоҷа аз Неъмон ёддоварӣ карда мегӯяд: ”Чаро ӯро куштанд? Ростӣ, мо нафаҳмидем. Тану бозу дошт ва ҷанговар низ буд. Шояд ба ҳамин хотир аз ҳасад ин корро карданд. Лекин Неъмон бо мо нағз буд. Муносибаташ хуб буд. Бо ҳама нағз муомила мекард”.

Зимнан, Неъмон Замонов, ки он замон 36 сол дошта аз варзишгарони номдор дар минтақаи Рашт будааст. Вай дар риштаи карате муваффақ будааст. Ба ин далел шоҳидони куштори Неъмон мегӯянд, қотилон аз руи бухлу ҳасад ӯро ваҳшиёна куштанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин афрод он замон узви гурӯҳи мусаллаҳи ҷангӣ будаанд.

Аз Неъмон 3 фарзанд боқӣ мондааст. Бародаронаш дар орзуи он рӯз ҳастанд, ки ҳар чӣ зудтар қотилони ӯ ба ҷазои аъмолашон гирифтор шаванд. Зодгоҳи ин нафарон ноҳияи Ғарм, дар 200-километрии шарқи Тоҷикистон воқеъ аст. Маконе, ки замони ҷанги дохилии 1992-1997, маҳалли аслии даргирии нируҳои давлатӣ ва оппозитсияи мусаллаҳ буд.

Суолҳои беҷавоби куштори 18 соли пеш

Дар ҳоле, ки аз ҳодисаи қатли Неъмон Замонов муддати зиёд гузаштааст, ин қазия суолҳои зиёде эҷод мекунад: худи кушташуда соли 2000-ум чӣ мекард, чаро ба таври ногаҳониву ваҳшиёна ва аз ҷониби ҳамдеҳагон кушта шуд? чаро қотилон гузоштанд, ки шоҳидони ин ҳодиса ҷиноятро то ин солҳо ҳифз кунанд? ва ғайра.

Баъзе собиқадорони мақомоти интизомӣ мегӯянд, мушкили ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроде, ки дар охири солҳои 1990-ум ваё солҳои баъдӣ ҷиноят содир кардаанд, бо далели фирори онҳо мушкил эҷод мекунад. Аз сӯи дигар, дар бархе ҳолатҳо наздикони ин қурбониҳо бо сабаби тарсу ҳарос аз интиқомҷӯии ҷинояткорон маҷбур мешаванд ҷиноятро пинҳон доранд.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократ ва ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд: “Агар ҷиноят содир ва ба қайд гирифта шуда бошад, вале тафтишот нашуда бошад, ин бесалоҳиятии мақомот аст. Агар ҷиноят ба қайд гирифта нашуда ва ҷабрдидаҳо низ дар бораи ҷиноят хомӯш нишастанд, инҷо ҷабрдидаҳоро бахшида намешавад. Ҳол он ки ҷабрдидаҳо дар бораи хешу табори худашон хабар надодаанд”.

Бархе мақомоти тоҷик ҳам мегӯянд, баъди солҳои мудҳиши ҷанги дохилӣ ҳамоно мақомоти ҳифзи қонун дар бораи боздошту ба ҷавобгарӣ кашида шудани омилони ҷиноятҳои сангини 20 ва 25 соли пеш хабар медиҳанд, ҳарфи нав нест.

Дар як ҳодисаи моҳи январи имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки Неъматулло Назиров, сокини 43-солаи деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуроободро ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Мулло Абдулло ва даст доштан дар куштори солҳои навадум ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Неъматулло Назиров баъди ҷустуҷӯҳои зиёд танҳо моҳи сентябри соли гузашта аз тарафи нирӯҳои пулис боздошт шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG