Пайвандҳои дастрасӣ

Ойниҳол Бобоназарова: "Ман ҳаққи хомӯш буданро надорам"


Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта, раҳбари пешини Бунёди Сорос дар Тоҷикистон ва довталаби курсии президентӣ дар интихоботи соли 2013, мегӯяд, ки бо гузашти солҳо ва имзои чанд созишномаи нав миёни Маскаву Душанбе ҳанӯз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар беҳбуд наёфтааст. Ӯ рӯзи 23-юми сентябр дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз латту кӯби муҳоҷири тоҷик Наврӯз Зикирови 27-сола дар бозори Люблинои Маскав интиқод кард. Ӯ гуфт, ин мушкил танҳо мушкили Наврӯз нест ва бояд ҳукумат дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҷиддӣ ба ҳалли масъалаи муҳоҷирон дар Русия расидагӣ кунад.

Мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ ҳаққи хомӯш буданро надорам. Ман, масалан, 18 ё 25-сола нестам, ки битарсам. Ин ҳама пастиву баландиҳоро гузаштам ва тарс дар вуҷуди ман нест.

Ойниҳол Бобоназарова: "Вақте ҳукумат наметавонад, мардумро дар дохил бо ҷойи кор таъмин куналд, ҳатман аз онҳо дар хориҷ ҳимоят намояд. Бубинед, вақте нисбат ба як муҳоҷири қирғиз дар Маскав ҳодисае рух медиҳад, ҳам порлумон ва ҳам президенти он кишвар ба ин масъала вокуниш мекунанд. Кӯшиш мекунанд, ки омилони ранҷу азияти муҳоҷиронашон ҷазо бигиранд. Ин ёрӣ мекунад, ки нисбат ба шаҳрвандони он кишвар дар Русия ҳаргуна бадрафторӣ сурат нагирад. Мутаассифона, ин чиз дар мо мушоҳида намешавад. На порлумон ва на мақомоти дахлдор ё ҳукумат масъаларо ҷиддӣ бо ҳамтоёни руси худ матраҳ намекунанд. Дар ҳоле ки Тоҷикистону Русия якдигарро шарики стратегӣ мегӯянд, пас, чаро бархӯрди номуносиб бо муҳоҷирони тоҷик вуҷуд дорад?"

Радиои Озодӣ: Қаблан худи Шумо низ ба ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик садо баланд карда, дар Русия ин масъаларо мебардоштед. Аммо зоҳиран тайи чанд сол боз дар ин маврид ҳарфе намезанед...

Ойниҳол Бобоназарова: "Рости гап, ду соли ахир ҳеҷ сӯҳбате бо муҳоҷирон надоштам. Дар солҳои гузашта бо муҳоҷирон зиёд вохӯрдаам. Ман натанҳо бо худи муҳоҷирони корӣ, балки вакилони Русия ва намояндагони созмонҳои ҳуқуқи инсон дар он кишвар суҳбат анҷом медодам. Ҳоло ҳам чандин созмоне ҳаст, ки барои муҳоҷирони корӣ дар Русия кумак мекунад. Вале ҳалли асосии масъала дар дасти Тоҷикистон аст. Бояд ин масъаларо худи ҳукумат бардорад ва ҳал кунад. Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо низ дар нишасти солонааш мавзӯи муҳоҷиронро баррасӣ кард, ки то ҷое медонам аз намояндагони расмии Тоҷикистон касе дар онҷо иштирок надошт. Солҳои пеш ман дар чунин нишастҳо сухан гуфта, аз Русия интиқод менамудам. Он вақт агар нафаре аз ниҳодҳои давлатӣ онҷо буд, мегуфт, ки “муаллима сахт гап назанед, хафа мешаванд”. Яъне, ё тарс доранд, ё бепарвоанд. Инашро дақиқ намедонам. Ба ҷуз бархӯрди номуносиб ҳар сол садҳо тобут низ ба Тоҷикистон оварда мешавад. Албатта, марги на ҳамаи онҳо табиист. Баъзеи онҳо дар кишвар то шаш фарзанд доранд. Фикр кунед, ки оянда фарзандони онҳо чӣ кор мекунанд? Ҳоло чандин шартнома миёни ду кишвар баста шудааст, ки ягонтои он дар амал иҷро намешавад. Бояд дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ қонун қабул мекарданд, аммо то ҳол аз он қонун дараке нест. Вақте мо хомӯш менишинем, мардум мехоҳад, худаш ба танҳоӣ аз худаш ҳимоят кунад. Вале дар ҳодисаи охир дидем, ки ин ҳалли масъала буда наметавонад, чунки муҳоҷирон барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ боздошт ва ба ҷаримаву ҳукмҳои дигар рӯбарӯ мешаванд. Дар ҳодисаи ахир шунидам, ки сафорат расидагӣ кардааст, ин хуб аст. Аммо ҳоло ҳам омилони занозаниву куштори муҳоҷирони тоҷик ҷазои сангин намегиранд."

Радиои Озодӣ: Аммо чӣ шуд, ки Шумо аз ҳимояти муҳоҷирон худро канор гирифтед ё инки ба ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия машғул нестед?

Ойниҳол Бобоназарова бо Мишел Обама, ҳамсари раиси ҷумҳури собиқи Амрико Барак Обама
Ойниҳол Бобоназарова бо Мишел Обама, ҳамсари раиси ҷумҳури собиқи Амрико Барак Обама

Ойниҳол Бобоназарова: “Аввал инки ман худро канор нагирифтаам ва хомӯш ҳам нестам. Баъдан, созмоне ки ман бо он кор мекардам, ҳоло фаъолият надорад. Солҳои пеш тарҳҳои гуногун доштам, ки тавассути он сафару суҳбатҳо анҷом медодам. Ҳоло ман як нафари одӣ ҳастам ва байни ҳарфи ману вазири меҳнат ё вакили порлумион фарқ зиёд аст. Солҳои пеш ман узви як кумисюни ҳукуматӣ будам. Ҳоло дар танҳоӣ ҳеҷ кор карда наметавонам. Ин кори якҷоя аст. Агар ҳукумат бо созмонҳои ҷамъиятӣ кор кунад, шояд натиҷа бештар мешавад. То имрӯз ҳар чизе аз дастам омад, кардам ва дар оянда ҳам мекунам. Аммо ҳамон тавр, ки гуфтам, ҳар кор бояд дар якҷоягӣ бошад ва он вақт натиҷаи хубро хоҳем дид."

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, Русия ба ҳалли мушкили муҳоҷирони тоҷик манфиатдор нест. Чун ҳамеша метавонад аз онҳо ба унвони фишанг ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон истифода кунад. Шояд далели “ақибнишинии” ҷониби Тоҷикистон низ ҳамин бошад?

Ойниҳол Бобоназарова: “Воқеан, Русия бо масъалаи муҳоҷират Тоҷикистонро “асир” гирифтааст. Ҳар вақте хост, эълон мекунад, виза ҷорӣ карданист ё мегӯяд, ки муҳоҷиронро пеш мекунад ва онҳо ҷойе барои рафтан надоранд. Дар ин ҳолат меъёрҳои байналмилалӣ дар мавриди ҳуқуқи муҳоҷирон вайрон мешавад ва Тоҷикистон ҳатто ҳамон меъёрро ба нафъаш истифода бурда наметавонад. Дар ин сурат бояд ҳукумат ҳар кореро кунад, ки бозори кори дигар пайдо намояд. Дар ҳоле ки мардуми тоҷик худаш барои коркобӣ меравад ва онҳоро дар муҳоҷират мезананд ва шароиаташ бад аст, худи мо ба Тоҷикистон аз ҷои дигар коргар меорем.”

Радиои Озодӣ: Коргарҳои дигар гуфта киро дар назар доред? Яъне хориҷиҳоро?

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова: “Ман чиниҳоро дар назар дорам. Албттта, тарафдори онам, ки Тоҷикистон дарҳои боз дошта бошад, вале Тоҷикистон бояд бозори кории худро Тоҷикистон муҳофизат кунад. Чун ҳамсояҳои мо қоидае доранд, ки агар ҷойи кор пайдо шавад, дар назари аввал мардуми худро мегиранд ва сипас хориҷиҳоро даъват менамоянд. Ҳоло дар кишвари мо муҳоҷирони корӣ аз Чин зиёд шудааст. Ман медонам, ки Чин мехоҳад, барои амалӣ кардани тарҳҳо мардуми худро кор фармояд ва аз ин тариқ мушкилашро ҳал намояд. Модоме мо ин қадар мушкил дорем, чаро ҳамин масъаларо дар миён намегузорем? Мегӯянд, ки тоҷик ин корро карда наметавонад. Ҳол онки ман худам дидам, муҳоҷирони мо чӣ корҳоеро намекунанд. Чӣ чизҳое намесозанд. Бигзор вақте Тоҷикистон бо ҳар кишваре, ки шартнома мебандад, бояд ин пункти муҳимро ворид кунад ва дар амал татбиқ намояд, на инки дар рӯи коғаз бимонад.”

Радиои Озодӣ: Гуфтед, баъзе созмонҳое, ки дар гузашта ҳамроҳашон кор мекардед, ҳоло фаъолият надоранд. Акнун ба чӣ кор машғулед?

Ойниҳол Бобоназарова: “Кӯтоҳ мегӯям, ки дар хона ҳастам ва бо хонавода машғулам. Инчунин, баъзе созмонҳои ҷамъиятие ҳастанд, ки ҳамроҳашон ҳамкорӣ дорам. Пештар дар инҷо созмонҳои зиёди иҷтимоиву ҳуқуқӣ фаъолият доштанд ва мо ҳаракат мекардем, ки якҷоя кор кунем. Ҳоло онҳо на он қадар фаъол ҳастанд. Мебинем, ки баъзан тарс ҳам ба вуҷуд омадааст ва ман ҳам мефаҳмам. Зиндагӣ беҳтарин чиз аст. Бисёре аз ин созмонҳо худро муҳофизат мекунанд ва ман намегуям ин бад аст, чун шояд шароит инро талаб мекунад. Ё вакилони дифоъ буданд, ки бепул ҳимоят мекарданд. Ҳоло мебинем, ки дар куҷо ҳастанд. Аммо боз ҳам ҳастанд созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки ман бо онҳо ҳамкорӣ дорам.”

Радиои Озодӣ: Ҳодисаҳои ду соли қабл натанҳо фазо, балки сиёсату зиндагии бисёриҳоро дар Тоҷикистон тағйир дод. Ин ҳодиса ба зиндагӣ ва кори Шумо ҳам таъсире дошт?

Ойниҳол Бобоназарова: “Дар бораи ҳар як воқеае, ки мешавад, ҳеҷ вақт сукут накардам. Ҳар мавзӯе, ки ҷиддӣ ҳаст, дар баробараш боре хомӯш наистодам. Агар фикр мекунед, шояд ман фишоре дидам, не, ҳеҷ гоҳ фишорро эҳсос накардам. Ман боз мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ ҳаққи хомӯш буданро надорам. Ман, масалан, 18 ё 25-сола нестам, ки битарсам. Ин ҳама пастиву баландиҳоро гузаштам ва тарс дар вуҷуди ман нест. Медонед як доира аст ва агар аз он гузаред, тарс ҳам аз инсон меравад.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG