Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор шуд. ВИДЕО


Намози иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6-и субҳи 15-уми июн хонда шуд. Ин маросим ба фарқ аз солҳои гузашта бидуни мавъиза ва бо ҳузури ками сокинон баргузор гардид.

Дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе чун солҳои қаблӣ намози ид зери чораҳои амниятӣ баргузор шуд.

Қабл аз адои намоз Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон, болои минбар баромад ва намозгузоронро ба муносибати ид табрик гуфт. Солҳои қабл дар масҷид аз субҳи барвақт мавъиза ва қироати Қурон доир мешуд.

Баъд аз анҷоми намози ид мусалмонони Тоҷикистон тибқи анъана ба зиёрати қабрҳои наздиконашон рафта, сипас ба табрики хешовандон ва дӯстони худ машғул шуданд. Ҳарчанд соли гузашта мақомоти тоҷик барои танзими идгардаки кӯдакон иқдоме рӯи даст гирифта буд, имсол дар кӯчаҳои шаҳр идгардаки кӯдакон аз субҳи барвақт мушоҳида мешуд.

Намози иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

XS
SM
MD
LG