Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбекистон як кӯдак дар дохили мошин оташ гирифт


Як кӯдаки 9-сола дар ноҳияи Бешариқи Ӯзбекистон дар дохили мошини "ВАЗ-2102" оташ гирифт. Мақомот мегӯянд, кӯдак 5 литр бензинро дар дохили мошин рехта ва оташ задааст.

Ин ҳодиса рӯзи 11 июн рух дод.

Пулиси Ӯзбекистон мегӯяд, ҳодиса замоне рух дод, ки падари кӯдак ӯро дар дохили мошин танҳо монда, ба ҷамъоварии зардолу машғул шудааст.

"Кӯдак дар ҷои ҳодиса фавтид. Таҳқиқи ҳодисаро додситонӣ пеш мебарад", - хабар дод пулиси Ӯзбекистон.

"Дарҳои мошин қулф буд, вагарна мо метавонистем ӯро наҷот диҳем", - гуфтанд шоҳидон.

XS
SM
MD
LG