Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон меояд


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки сафари доктор Абдуллоҳ ду рӯз идома хоҳад кард.

Қарор аст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки рӯзҳои 20-22-юми июн дар Душанбе доир мешавад, ширкат кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар моҳи июни соли 2015 низ ба Тоҷикистон омада буд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, инчунин, хабар дод, ки рӯзҳои 19-22-юми июн Мамнун Ҳусейн, президенти Покистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Интизор меравад, ӯ низ дар Конфронси байналмилалии "Об барои рушди устувор" иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG