Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW дар бораи мулоқоти Трамп бо Ким: "Ҳуқуқи инсон дар Куриёи Шимолӣ нодида гирифта шуд"


Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch мегӯяд, дар ҳуҷҷате, ки аз сӯи Доналд Трамп ва Ким Чен Ин имзо шуд, дар бораи ҳуқуқи инсон дар Куриёи Шимолӣ чизе гуфта нашудааст.

"Дар матни эъломияи саммити Сингапур миёни Ким Чен Ин ва Трамп дар бораи ҳуқуқи инсон чизе гуфта нашудааст", - навишт муовини мудири HRW дар умури Осиё Фил Робертсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

"Ғазабовар аст, ки ҳуқуқи инсон дар Куриёи Шимолӣ нодида гирифта шудааст. Дар оянда ҳуқуқи инсон миёни Куриёи Шимолӣ ва котиби давлатии ИМА Помпео чӣ гуна баррасӣ мешавад? Ё ИМА ба Куриёи Шимолӣ иҷозат додааст, ки ҷиноятҳои зидди ҳуқуқи инсонро анҷом диҳад", - илова кард Робертсон.

Роҳбарони ИМА ва Куриёи Шимолӣ рӯзи 12 июн дар поёни саммит дар Сингапур "ҳуҷҷати фарогир"-ро имзо карданд. Бар асоси ин ҳуҷҷат Куриёи Шимолӣ тасдиқ кард, ки нимҷазираи Куриёиро "аз силоҳи ҳастаӣ комилан пок" ва "бо сулҳи тӯлониву пойдор" таъмин мекунад. Президенти ИМА дар навбати худ ваъда кард, ки "амнияти Куриёи Шимолиро кафолат медиҳад".

Дар ҳуҷҷат дар бораи муҳлати иҷрои ин ваъдаҳо чизе гуфта нашудааст. Аммо президент Трамп дар мусоҳибааш изҳори умедворӣ кард, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Куриёи Шимолӣ рӯ ба беҳбуд хоҳад ниҳод.

Трамп: Мо ба якдигар писанд омадем
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00

XS
SM
MD
LG