Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ Солтан Очилова мегӯяд, охири ҳафтаи гузашта ду шахси ношинос ба ӯ ҳамла кардаанд.
Ин бори нахуст нест, ки Очиловаи 69-сола мавриди ҳамла қарор мегирад. Ин бор ба ӯ 9 июн дар шаҳри Йолотени Туркманистон, ки барои аёдати хешовандонаш ба он ҷо рафта буд, ҳамла карданд.
Ӯ мегӯяд, вақте аз хонаи хешовандонаш ба хонаи яке аз ҳамсояҳо ворид мешуд, мушоҳида кард, ки мошине вайро таъқиб мекунад. Баъд аз берун шудан аз хонаи ҳамсоя ду ҷавони дучархасавор пеши роҳашро гирифта, пурсиданд, ки чаро манзили онҳоро акс гирифт. Яке аз мардон ба қафаси синаи Очилова бо мушт як зарба зад, ки дар натиҷа ӯ ба замин афтод.
Худи он рӯз пулиси маҳаллӣ мошини хешовандони Очиловаро мусодира кард. Маъмурони пулис гуфтанд, ҳар вақте хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ ба маҳалли зисташ, шаҳри Ишқобод баргашт, мошинро бармегардонанд.
Очилова мегӯяд, хешовандони ӯ дар шаҳри Йолотен бо сабаби кораш дар Бахши туркмании Радиои Озодӣ зери фишоранд.