Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Ун ба Сингапур рафт, маҳалли мулоқот бо Трамп


Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ
Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ

Ҳавопаймои ҳомили Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, Пхенянро ба қасди Сингапур тарк кард. Хабаргузории “Янҳап”-и Куриёи Ҷанубӣ навишт, ки Ким Чен Ун рӯзи 10-уми июн бо ҳавопаймои шахсиаш ба Сингапур рафтааст.

Қарор аст, раҳбарони Амрико ва Куриёи Шимолӣ бори аввал рӯзи 12-уми июн дар Сингапур бо ҳам дидор кунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, қаблан як дафъа дар мавриди лағви ин мулоқот суҳбат карда буд, аммо дубора рӯи тасмими аввали худ бозистод.

XS
SM
MD
LG