Пайвандҳои дастрасӣ

“Даҳшат аст, вақте намефаҳмӣ, чаро ҳанӯз дар рӯи заминӣ” ВИДЕО


Чанд фоҷиа дар зиндагӣ Наталя Дубовитская, модари чаҳор фарзандро афсурдаҳол ва аз ҳаёт дилсард кард. Зиндагӣ барои ин зан, ки фарзандонро ба танҳоӣ бузург кардааст, маънии худро пурра гум намуд.

Вақте зан мегӯяд, ӯ аз шавҳараш ҷудо мешавад, ҳама мегӯянд худаш гунаҳкор аст. Зан метарсад, бигӯяд, ки ӯ фақат дӯст доштан мехоҳад,

“Тамоми умри худро ба дигарон бахшидам. Дар байн худро фаромӯш кардам. Ногаҳон дарк кардам, ки каси ғамхоре надорам. Ҳатто фарзандон одат карданд, ки ҳамеша худро ба онҳо бахшидаам ва фикр намекарданд, ки ба таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ниёз дорам. Кор то ба ҷое расид, ки зиндагӣ маънояшро гум кард. Ин даҳшат аст, вақте намефаҳмӣ, ки чаро ҳанӯз дар рӯи заминӣ”, - нақл кард ӯ.

Наталя Дубовитская
Наталя Дубовитская

Наталя Дубовитская, сокини шаҳри Душанбе, то 3 моҳи пеш дар ҳамин ҳолат қарор дошт. Ҳоло ӯ яке аз иштирокдорони мавсими нави лоиҳаи “Мани дигар” аст, ки махсус барои ин гурӯҳи занон пешбинӣ шудааст. Барои дарёфти роҳу ранги наве дар зиндагии берангаш ва раҳо шудан аз эҳсоси дарду танҳоӣ Наталя ба ин лоиҳа омад.

Ҳоло дар зиндагии Наталя, ба гуфтаи худаш, тағйироти зиёде рух додааст. Ӯ акнун нисбат ба худ фикрашро ҳам дигар кардааст. “Ин лоиҳа ба занон қобилияти дарки арзиши худро медиҳад. Ҳама он чизеро чун як зан солҳо орзу мекардам дар лоиҳа пайдо мекунем. Ин ҳамаро барои ман шаваҳарам надода буд. Ба ман ин имкониятро корам надода буд. Ҳоло дар инҷо ба ман дандони сунъӣ мегузоранд. Ин як дарди ман буд. Ман аслан одами хушҳол будам, вале ин ҳама маро аз ханда бозмедошт. Умедворам ба наздикӣ хандаи маро ҳам мебинед, - афзуд Наталя Дубовитская.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Мани дигар" Сарнавиштҳои гуногуни занони тоҷик
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:29 0:00

Дар лоиҳаи “Мани дигар” мисли Наталя заноне ҷамъ омадаанд, ки дар зиндагӣ ягон мушкил ё фоҷиаеро аз сар гузаронида, дилсард шудаанд.

Ин лоиҳа соле пеш бо ҳадафи кумак ба занон ва раҳо шудани онҳо аз ҳолатҳои ногувор ва мушкили зиёд кумак мекунад. “Мани дигар” аз 4 мавсим иборат аст ва ҳар мавсими лоиҳа 5 зани аз 30 то 55-соларо фаро мегирад.

Фирӯза Носирова, муаллифи лоиҳа, як зани соҳибкор ва муваффақ аст. “Мани дигар” аввалин лоиҳаи ғайритиҷоратии ӯст. Хонум Носирова мегӯяд, “мушкили аслии занон пӯшида буданамон аст. Бештар хомӯширо ихтиёр мекунем, аз баёни мушкили худ метарсем. Вақте зан мегӯяд, ӯ аз шавҳараш ҷудо мешавад, ҳама мегӯянд ҳатман худаш гунаҳкор аст. Зан метарсад, бигӯяд, ки ӯ фақат дӯст доштан мехоҳад, фақат мехоҳад дӯстдошта бошад. Сари ҳар қадам ин мушкил ҷой дорад.”

Фирӯза Носирова
Фирӯза Носирова

Ба қавли муаллиф, дар лоиҳа онҳо аввал талош мекунанд, қалбу рӯҳи занонро аз дарду афсурдагӣ тоза кунанд. Баъд намуди зоҳирии ӯро тағйир медиҳанд. Барои дарёфту сабки хосу зебандаи ороиши мӯю либос ба ҳар зан ёрӣ мерасонанд. Дар маҷмуъ, кор бо равоншинос, ороишгару тарроҳ, рақсу варзиш ва суҳбатҳои озод бо ҳамдардони худ, аз роҳҳое ҳастанд, ки барои дигар кардани як зан дар ин лоиҳа истифода мешавад.

Ба наздикӣ як иштирокчии 30-солаи мо оиладор мешавад. Ӯ аз ҷониби хонавода пайваста барои “пирдухтар” шудан таъна мешунид. Ҳоло ӯ хушбахт аст. Ишқашро пайдо кард ва барои зиндагӣ ба Олмон меравад.

Таҳмина Шерматова, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Мани дигар” мегӯяд, теъдоди хоҳишмандони ширкат дар ин лоиҳа зиёданд, аммо онҳо аз тариқи озмун ва бо таваҷҷӯҳ ба ҳолату мушкили зан онҳоро интихоб мешаванд. “Бо ҳар иштирокчӣ вобаста ба син ва завқу зиндагӣ бархӯрди хос мешавад. Кори занон дар лоиҳа аз суҳбат бо равоншиносон оғоз меёбад. Баъд варзишу рақс ва кор бо тарроҳу ороишгаронро шурӯъ мекунем. Мо, албатта, мехостем, ки иштирокчиёни давоми лоиҳа дар якҷо зиндагӣ кунанд, вале ҳоло чунин имкон нест”, - гуфт Шерматова.

Пас аз фавти писари калонӣ ва бемории фарзанди дигар, зиндагӣ барои Замира Ҷӯраева бе маъно шуд. Барои берун овардани ӯ аз ин ҳолат, духтараш ӯро ба лоиҳаи “Мани дигар” овардааст. Замира Ҷӯраева мегӯяд, “медонистам, ки бояд аз хоб хезам, чой дам кунам, хонаҳоро тоза намоям. Аммо ҳамаи ин аз қалб набуд. Мисли онки дар як хоби тӯлонӣ будам. Баъд аз 10 мулоқот бо равоншинос эҳсос кардам, ки каме сабук шудаам.”

Замира Ҷӯраева
Замира Ҷӯраева

Пас аз ду соли кор бо занон дар ин лоиҳа, муаллифони "Мани дигар" ба ин хулоса омадаанд, ки талошҳояшон беҳуда нест. Ба гуфтаи Фирӯза Носирова, барои ба худ омадан ба чандин зан кумак кард. Он водор кард, ки занон зиндагиро аз сар бигиранд ва ба нерӯи худ бовар кунанд. “Ба наздикӣ як иштирокчии 30-солаи мо оиладор мешавад. Ӯ аз ҷониби хонавода пайваста барои “пирдухтар” шудан таъна мешунид. Ҳоло ӯ хушбахт аст. Ишқашро пайдо кард ва барои зиндагӣ ба Олмон меравад. Як зане ҳам дорем, ки бо шавҳараш орзу дошт, хона бунёд кунад. Ногаҳон шавҳараш даргузашт ва орзуяш амалиношуда монд. Ӯ бовар надошт, ки ба танҳоӣ метавонад хонаи орзуҳояшро бисозад. Аммо дар охири лоиҳа ба сохтмони хонааш шурӯъ кард”, - мегӯяд Фирӯза Носирова.

Муаллифи лоиҳаи “Мни дигар” рӯзҳои наздик, ин идея ё таҷрибаи худро ба форуми ҷаҳонии тиҷоратӣ ба Қазоқистон мебарад. Ӯ дар бораи кору натиҷаи ин лоиҳа дар ҳамоиши ҷаҳонӣ қисса мекунад.

Наталя Дубовитская, яке аз иштирокчиёни лоиҳа, ҳам тасмим дорад баъд аз анҷоми тарҳ сарнавишти худро ба занони дигари тоҷик, ки ғарқи мушкилот умеде ба ояндаи хуб надоранд, нақл кунад. “Ҳоло, вақте дар роҳ занеро бо чашмони вараму китфи хамида мебинам, мехоҳам ба оғӯш гирам ва гӯям: нороҳат набош, ҳамааш хуб мешавад”, - хулоса кард Дубовитская.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG